Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, бонкҳои Туркманистон дар ростои фурӯши асъори хориҷӣ қоидаи нав ҷорӣ карда ва асъори хориҷиро ба мардум бар асоси талон мефурӯшанд.
Ҳамакнун сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон маҷбур ҳастанд, барои дарёфти чунин талон дар назди бонкҳо ба муддати 21-22 соат интизор бимонанд.
Гуфта мешавад, дар ин талон таърих ва маҳали харидории асъори хориҷӣ дар бонкҳо сабт шуда, соҳибони талон бояд дар соати таъиншуда ва бонки номбаршуда ҳозир шаванд. Дар акси ҳол, онҳо аз ҳаққи хариди асъори хориҷӣ маҳрум мешаванд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, теъдоди одамоне, ки барои дарёфти талон дар назди бонкҳо мунтазир мемонанд шабона то 200 нафарро ташкил медиҳад. Ҳатто ба иддаи зиёди афроде, ки тамоми шаб дар навбати дарёфти талон қарор доштанд, талон дода намешавад.
Ҳоло хариду фурӯши доллари амрикоӣ ва евро дар бахшҳои мубодилаи асъори бонкҳои Туркманистон ҳам анҷом намешавад.
Мушкили хариди асъори хориҷӣ дар Туркманистон аз авоили соли ҷорӣ, дар пайи беқурбшавии манат, пули миллии ин кишвар дар баробари асъори хориҷӣ оғоз гардида ва мақомоти Туркманистон барои фурӯши асъори хориҷӣ монеаҳои мухталиф эҷод кардаанд.
Аммо шурӯъ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти ин кишвар дар ростои хариду фурӯши асъори хориҷӣ тадобири сахтгиронаеро рӯи даст гирифтаанд. Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба боздошти афроде, ки ба табодули асъор машғул буданд, шурӯъ карданд. Ба дунболи ин иқдом, қурби доллар дар бозорҳо якбора боло рафт. Дар натиҷа, арзиши 1 доллари амрикоӣ аз 3,6 то ба 4,5 манат афзоиш ёфт.
Феълан қимати 1 доллар дар бонкҳо 3,5 манат буда, сокинони кишвар бо нигаронӣ аз имкони беқурбшавии бештари манат барои харидории миқдори зиёди доллари амрикоӣ талош мекунанд.
Дар бонкҳои Туркманистон дар фурӯши асъори хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шуда, як нафар метавонад дар як навбат ба миқдори 1 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ кунад. Миқдори умумии хариди доллар дар як сол барои як нафар то 8 ҳазор доллари амрикоӣ буда, тоҷироне, ки ба миқдори бештари доллар ниёз доранд, маҷбур ҳастанд бо қимати бештар дар “бозори сиёҳ” харидорӣ кунанд.
Беқурбшавии пули миллӣ танҳо хоси Туркманистон набуда, дар соли ҷорӣ арзиши пулҳои миллии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза дар баробари доллари амрикоӣ ва евро коҳиш ёфтанд.
Бино ба иттилои торнамои eurasianet.org беқурбшавии пули миллӣ аз ҳама бештар дар Қазоқистон иттифоқ афтода, дар соли ҷорӣ танга 50 дарсади арзиши худро дар баробари асъори хориҷӣ аз даст додааст.
Дар соли ҷорӣ беқурбшавии сӯми ӯзбакӣ ба 40 дарсад, соми қирғизӣ ба 30 дарсад ва сомонии тоҷикӣ ба 17 дарсад расидааст.
Бонки милли Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли ҷорӣ саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод. Бинобар дастури Бонки миллӣ аз ин ба баъд танҳо бонкҳо ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул хоҳанд шуд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки рӯзи душанбеи 30 ноябр қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ ба шиддат боло рафт ва дар баъзе саррофиҳо 1 доллар ба ивази 7 сомониву 35 дирам ба фурӯш рафт. Рӯзи дигар дари аксари саррофиҳо дар пойтахти Тоҷикистон баста буд.
Афроде, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъор машғул мешаванд, бар асоси дастурамали нави Бонки миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Нархи як кандил 12хазору 667 сомони мебошад савол кандил аз чи сохта шудааст?????????????????
Прокуратурара шарманда кардан. Ина окибати дуруст интихоб ва чобачогузори накардани кадрхо мутхарам прокурори генерали!!! Кучора нигах мекунен бовари дорам хами каллобо ягонташ бесохиб нестай. Дар макомотхои кудрати ва хифзи хукук бояд реформаи чидди гузаронида шавад
Вау, 1 кандил баробари 12666 сомони. Мо мехнат мекунем, обод мекунем, андоз месупорем, ин дуздхо моли такрибан 500-1000 сомонаро бо арзиши 12666 мехаранд.
Салом Радиои Озоди чаро дар бораи як гурух авбошон, каллобон, бозингарони кадхои куча бо номҳои бозии (шукрона) (ва дар ҳар сурат номашонро қариб хоҳанд ҳар рӯз иваз мекунанд,) ки дар аксари шахрхои бузурги Точикистон вучуд доранд ва аввалхусус дар марказхои шахр фаьоланд, ва хамеша бо рохи фиреб аз мардумон пул меситонанд ва шояд чанд нафаре аз кормандони угаловний розиск пушту панохашон хастанду ва мардумро аксаран бо рохи зури фаред, мекунанд ва бо рохи Тарс Аслан аз мардум пул меситонанд... Чизе наменависед ва касе инро ахамият намедихад, ва ҳатто радиои озоди як кор ва тафтиши рӯзноманигориро намекунад дар ҳолате, ки ман худам шоҳид дорам, ки ҳатто кормандони Радиои Озоди аз он бохабаранд ва ҳатто онҳоро баъзе ҳолатҳо дар марказҳои шаҳр фаред мезананд (бе дидани камераашон) ва ҳатто, ки аксаран кариб ҳар як шаҳрванди дуюми Тоҷикистон аз онҳо шата хӯрдааст ва қариб, ки бо роҳи тарсу зӯри аз ҳама пул меситонанд ва давлате дар дохили давлат рост кардаанду мардумро бонки милли пиндошта пул меситонанд чизе ва касе гӯё хабардор нест ва хатто кормандони қудрати, ки инҳо аз он кормандони порахур зараровартаранд, ва шояд рузе расаду мардумро ин қаллобон ба ҷон меоранду ягон гапе мешавад ва ҳатто он пушташон чанд корманди угаловний розиск дигар на онҳоро соҳиби мекунаду ва на чанд участковийҳои маҳалҳои ки аз онҳо пул меситонанд ва ҳамин ҳолат метавонад пушташонро нишон диҳад, ки дар ҳақиқат ҳукумату давлат аз инҳо хабардор нест ва пушташонҳам нест, ки он гунае, ки худ мепиндоранд ва дар ҳолати шикояти сайдашон мегӯянд, ки зӯри генералҳо ба мо намерасад чи расад ба халқи бечора ва дар ҳақиқат дар ҳолати шикоят кардани шаҳрвандон ба пулис, пулис шикояткунандаро ҳатто танбеҳ мекунад, ки, шуморо маҷбур кард бози кунед, дар ҳолате, ки ин қаллобон маҷбур месозанд роҳгузаронро ва дар ҳолати фаред, мекунанд наомади даштномат медиҳанд ва маҷбур мешави пешашон ои ва баъд дар сайдашон мегалти бо ҳар роҳ... Намедонам ин бозингарон чи фоидае меоранд ба ҷуз бадномкунии давлат, ки ҳеҷ кас ҳатто бо ин ҳама пулгуриашон бо роҳи зӯри зарарашонро аз фоидаашон фикр намекунанд ва чигунае, ки дигар давлатҳо мутамадин ва пешрафтаву қафомонда бе ин гуна афродон зиндаги доранд ва пойдории давлат бе инҳо ҳам мемонад бо ҳамин халқаш на бо он бозингарони қаллоб ки пойдевори ҳукумату давлатро шикаста истодаанд ва бовар кунед инҳо латмае бо ин амалашон ба ҳукумату давлат хоҳанд зад ва сутунҳои давлатро хоҳанд, шикаст ки во вайло... Бовар кунед аксари мардуми зарардида аз ин қиболи афрод ҳатто видиоҳо ва ё сабти диктафонии онро доранд вае рузаш шавад ҳама ба як по шикоят хоҳад кард... Илтимос радиои озоди инро чоп кунед то ақаллан мардум хонанду фаҳманд ки инҳо киҳоҳанд ва сайдҳои ояндаи ин қиболи мардум донанд, ки онҳо танҳои сайди инҳо шудаги нестанд балки тамоми миллат ҳаст сайди ин қиболи афрод... Ва онҳое ки боре шате нахурдаанд донад ва фаҳманд, ки инҳо танҳо нестанд ва онҳо одамхӯр нестанд ва набояд аз ин авбошон, қаллобон, дасисакорон, туҳматгарон, фиребгарон, бандитон, ҷинояткорон бояд тарсид ва сайдашон шуд бо он чор тангае, ки бо арақи ҷабин кор мекунед бояд ба онҳо супурд ва ё онҳо бояд бо ҳар васила гиранд... Ки медонад шояд Радиои озоди шумо бовар накунед аммо гурӯҳи дигаре ҳаст ки аллакай бо ҳар васила медонанд ки ту бозори мекунем ва ба бозор ба пул меои ва инҳо мисли шаголон аллакай дандон тез кардаанд... Ва беҳуда нест, ки инҳо ин бозингарони бо ном шукрона ва насли пештара шарикбозони даврони баъдиҷангӣ ва бесару сомони натанҳо дар марказҳои шаҳр балки дар роҳҳои асосии бозорҳо аллакай истодаанд ва натанҳо мардуми одди балки аксаран кормандони қудратии нотавон ва ҳукуматдорони камзуриет шаттаи онҳоро хӯрдаанд ва лаб зери дандон кардаанду намедонанд чи кор кунанд ва куҷо шикоят баранд дар ҳолате, ки корманди давлатманд, ва ҷое сухан кунанд, шарманда мешаванду давлат беэътибор... Илтимос Родиои Озоди инро чоп кунед мардум аз инҳо ба ҷон омадаанд...
Хеч гап не! Раиси вилояти хатлон якмоха даромадашро дихад тамом вассалом