Ҳодиса рӯзи 11-уми август дар минтақаи Дашти Барчӣ рӯй дод.
Ба иттилои намояндагони "Толибон", як нафар кушта ва ёздаҳ кас захмӣ шуд.
ДОИШ дар эъломияи худ гуфт, тақрибан 13 нафарро маҷруҳ кард ва ҳадафаш намояндагони ақаллияти шиа буд. Дар минтақаи Дашти Барчӣ асосан ҳазораҳо зиндагӣ мекунанд.
Як сокини Дашти Барчӣ, ки нахост номаш фош шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "Толибон" натавонистанд амнияти онҳоро таъмин кунанд.
"Ҳоло ягона ҷойе, ки шоҳиди таркишҳо ҳастем, Дашти Барчӣ аст. "Толибон" мегӯяд, амниятро таъмин кард, аммо ин тавр нест. Агар амният таъмин бошад, чаро таркиш мешавад, чаро?" – афзуд ӯ.
Чанде пеш Кумитаи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" ба паноҳгоҳи амне барои гурӯҳҳои "Ал-Қоида" ва ДОИШ табдил шудааст.