Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олтин - пули нав ба ҷои рублу тангаву "зайчик" ва сому сомонӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Иттиҳоди гумрукӣ дар дасти баррасӣ қарор доштани нақшаи ба муомилот баровардани пули вижаи Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё бо номи “олтин”-ро рад мекунанд, вале хабари “Московский комсомолетс” дар ин бора бо ин вуҷуд ба яке аз мавзӯъҳои асосии баҳс дар Интернет табдил ёфтааст.

Виктор Христенко, раиси коллегияи иқтисодии АвроОсиё гуфтааст, кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ масъалаи ба муомилот баровардани “олтин” ҳамчун пули умумии Иттиҳоди ояндаи АвроОсиёро баррасӣ накардаанд. Христенко ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, “Чунин масъала дар рӯзнома нест. Расман чунин пешниҳоде нашудааст. Ин ҳоло бештар дар сатҳи хаёлҳост, то дар сатҳи зиндагии воқеъӣ. Масъалаи пули умумӣ вуҷуд надорад.”

Қарори маълум, дар моҳи майи соли равон раҳбарони аввали Русияву Қазоқистон ва Беларус қарордодеро имзо хоҳанд кард, ки бар асоси он Иттиҳоди гумрукӣ аз соли 2015 ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табдили ном мекунад.

Фарзияи "МК"

Нашрияи “Московский комсомолетс” (“МК”)-и чопи Маскав дар пешорӯи имзои расмии қарордоди таъсиси Иттиҳоди АвроОсиё аз қавли манобеаш навишт, ки дар чорчӯби ин созмон нақшаи ба муомилот баровардани пули умумӣ ҳам матраҳ аст: “Дар Русияву Қазоқистон ва Беларус дери дераш дар соли 2025 пули нави умумӣ ба муомилот бароварда мешавад. Ин пул “олтин” ном хоҳад дошт. Ин номи ҳанӯз ниҳоӣ нест, вале бино ба маълумоти манобеи “МК”, он алакай аз сӯи раҳбарони аввали се кишвар пазируфта шудааст.”

Манобеи “МК” ҳамчунин гуфтаанд, ки эҳтимоли ба қаламрави истифодаи пули умумӣ пайвастани Қирғизистону Арманистон ва Тоҷикистонро истисно намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ниҳодҳои фаромиллие, чун Бонки марказии АвроОсиё ва ниҳодҳои назорати молии ин созмон дар шаҳри Арма-Ато, пойтахти тиҷории Қазоқистон мустақар хоҳанд шуд. Зимнан, манобеи ин нашрияи русӣ афзудаанд, ки “олтин” метавонад ҳатто хеле зудтар аз соли 2025 сохта ва ба муомилот дароварда шавад: “Ҷорӣ шудани таҳримоти иқтисодии байналмилалии боз ҳам ҷиддитар алайҳи Русия метавонад ин равандро ба таври қобили мулоҳиза суръат бахшида, онро ягон 3-5 сол камтар кунад.”

Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки бо салоҳиятҳои бештаре ҷойгузини Иттиҳоди гумрукӣ мешавад, боз як созмони дигари минтақаист, ки кишварҳои пасошӯравиро зери назари Маскав муттаҳид мекунад. Ин созмони нави минтақаӣ дар паҳнои пасошӯравӣ дар марҳалаи аввал танҳо ҳамин 3 узви Иттиҳоди гумрукиро муттаҳид хоҳад кард, вале дар оянда имкон дорад, ки ба он чанд кишвари дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Арманистону Қирғизистон ва Тоҷикистон низ бипайванданд.

Маскав хеле умедвор буд, ки Украинаро низ ба ин созмон ҷалб кунад, вале суқути ҳукумати Виктор Янукович дигар имкони ба созмонҳои зери назар кашондани Киевро, бахусус баъди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия ва таҳрики ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои шарқии Украина тақрибан сифр мекунад.

Аммо худи идеяи сохтани Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ҳамчун посухи Маскав ба Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи маҳфилҳо ҳамеша бахше аз орзуим қадимаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ваё дастикам эҳёи нуфузи қаблии Русия бар кишварҳои паҳнои Шӯравии пешин талаққӣ мешуд. Манобеи “МК” гуфтаанд, дар оянда мехоҳанд Иттиҳоди АвроОсиё ба як эътилофи низомиву сиёсие ҳам табдил шавад, ки бо НАТО дар ғарбу ва бо Чин дар шарқ битавонад рақобат кунад.

Якравии Лукашенка
Назарбоев ва Лукашенка
Назарбоев ва Лукашенка
Ба гуфтаи манобеъи ин нашрия дар куммиссиюни иқтисодии Иттиҳоди АвроОсиё, дар тарҳи қарордоде ки бояд моҳи май имзо шавад, пешниҳоди сохтани пули ягона шомил нашудааст: “Ибтидо мо мехоҳем дар тарҳи созишнома банди алоҳидаеро дар бораи таъсиси Бонки марказии АвроОсиё, ҳамчун танзимгари фаромиллии пули умумӣ ворид кунем. Ҳатто номи пул – олтин – маслиҳат шуда буд. Вале пеши роҳи пешниҳоди Русияро ҷониби Беларус ва шахсан раиси он ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка гирифт. Лукашенка ба сурати умум тарафдори ин пешниҳод ҳаст, вале ба иҷрои он бо эҳтиёт нигоҳ мекунад. Дар ҳар сурат, асноди марбута, ки боядл соли оянда дар чорчӯби Иттиҳоди АвроОсиё имӯзо шаванд, ба сурати фаъолона таҳия шуда истодаанд. Пули нав бояд на дертар аз соли 2025 ба муомилот барояд.”

Нашрияи русӣ менависад, ибтикори пули нав дар қаламрави Иттиҳоди АвроОсиё ҳанӯз дар соли 2012 аз сӯи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ироа шуда, аз тарафи Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, раисиҷумҳур ва сарвазири Русия хуш истиқбол шудааст. Назарбоев ҳамеша тарафдори ҳамгироии бештар дар паҳнои Шӯравии собиқ дар сутуҳи наздик ба замони Шӯравӣ буд. Гузашта аз ин , истиқрори Бонки марказӣ ва боқӣ ниҳодҳои молии АвроОсиё дар Алма-Ато ба Қазоқистон имкон медиҳад, ба манобеи молии он дастрасии бештар пайдо бикунад.

Иқтисоддонҳо бо вуҷуди хатарҳои зиёдаш эҳтимоли ба сохтани пули умумии кишварҳои пасошӯравӣ иқдом кардани Владимир Путинро воқеӣ медонанд. Ба бовари онҳо, Путин ба хотири “дар ҷояш шинондан”-и Ғарб, бавижа дар пасманзари бӯҳрони Украина метавонад олтинро ҳам ба муомилот бароварда, дунёро як бори дигар “битарсонад.” Ҳарчанд тавони Маскаву ҳампаймонҳояш аз кишварҳои пасошӯравӣ барои ҳифзи субот дар қаламрави пукли олтин масъалае суолбарангез боқӣ мемонад.

Владимир Путин, қарори маълум, баъди нахустин таҳримоти байналмилалӣ, ки муштариёни бонки ба Кремл наздики “Россия”-ро аз шабакаҳои байналмилалии кортҳои пластикии “Виза” ва “Мастеркард” берун кард, барои сохтани шабакаи миллии кортҳои пластикӣ амр дод. Аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз ин амри ӯ чунин ба назар мерасад, ки низоми молии Русия ҳатто барои таъсис ва нигоҳдории чунин низоми нисбат ба пули ягона хеле содатар омода набудааст.

"Рубли хатнашуда"
Рубли русӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 тақрибан то миёнаҳои соли 1995 воҳиди пули фаромиллӣ боқӣ монда буд. Охирин кишвари пасошӯравие, ки дар моҳи майи соли 1995 ва он ҳам таҳти фишори худи Маскав маҷбур шуд, аз истифодаи рубли русӣ даст бикашад, Тоҷикистон буд. Вале дар Тоҷикистон тайи 5,5 соли дигар – то октябри соли 2000, ки пули сомонӣ ба муомилот баромад, ҳамон рубли русӣ бо ҳазфи танҳо як аломати ҷудоӣ аз поёни номаш амал мекард. Ин пулро шӯхиомез ҳатто “рубли хатнашуда” ҳам ном мебурданд.

Рубли русмӣ ҳамин тавр, то ҳол дар минтақаҳои худхондаи ҷудоиталабе, чун Приднестровйе, Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ амалан воҳиди асосии муомилоти моливу пулист. Аммо иқтисоди ин се минтақа хеле хурду заиф буда, зиндагии мардумаш асосан аз ҳисоби ёронаҳое мечархад, ки Русия ба вилоятҳои рӯ ба Маскав медиҳад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, сохтани пули “олтин” дар қаламрави бузургтаре метавонад фишор ба тавоноиҳои иқтисодии Русияро хеле бештар кунад ва ҳатто риски ба варшикастагии молӣ дучор шудани ин иқтисоди аввали паҳнои пасошӯравиро пеш биорад. Эълони нахустин таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Русия дар посух ба тасарруфи Қрим боис шуда буд, ки қурби як доллар аз 37 рубл ва қурби як евро аз марзи 50 рубл убур кунад. Вале ҷорӣ кардани “олтин” ҳатто бо ҳадафи орзуи баланде, чун барқарор кардани нуфузи Маскав бар паҳнои Шӯравии собиқ метавонад дар ниҳоят барои иқтисоди Русия бо баҳои нисбат ба фишори таҳримоти байналмилалӣ бакарат баландтаре тамом шавад.
XS
SM
MD
LG