Навор рӯзи 16-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Дар он як сарбози рус дар канори сари буридае тасвир ёфта, ки иддао мешавад он сари буридаи сарбози украинист.
Саҳифаи “DeepState” дар Телеграм сарбози русро дар навор узви бригадаи 155-уми баҳрӣ муаррифӣ кард, ки дар наздикии гузаргоҳи Колотиловка дар вилояти Белгород ҷойгир аст. Ба гузориши “DeepState”, нерӯҳои украинӣ рӯзи 12-уми август дар ин минтақа буданд.
Дар ҷанги дунимсолаи Маскав дар хоки Украина бори аввал нест, ки сарбозони рус чунин наворҳоро нашру паҳн мекунанд. Таҳқири ҷасади сарбозон, аз ҷумла буридани сари онҳо ҷинояти ҷангист.