Қарори Додгоҳ рӯзи 12-уми август содир шуд.
Ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки як марди ҳамроҳашро барои маҳкум кардани таҷовузи Русия ба хоки Украина то мурдан задааст.
Муфаттишон гуфтаанд, Алексей Ярмолович ва ҳамроҳаш якҷоя шароб нӯшида буданд.
Ба нақли онҳо, вақте мард аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина ситоиш ва таҷовузи Русияро ба хоки ҳамсояаш маҳкум кард, Ярмолович ӯро бо “гантел” зад.
Алексей Ярмолович дар Додгоҳ гуфтааст, барои дифоъ аз худ чунин рафтор кард, вале додрас далели ӯро напазируфтааст.