Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ қарор кард, ки Алсу Қурмашева дар Боздоштгоҳ бимонад


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Додгоҳи олии Тотористон (Русия) рӯзи 18-уми июн қарор кард, ки Алсу Қурмашева, хабарнигори дастгиршудаи бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад. Мурофиа паси дарҳои баста гузаштааст. Дар ин бора нашрияи "КоммерсантЪ" рӯзи сешанбе хабар дод.

Пештар вакили мудофеи Қурмашева аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро аз Боздоштгоҳ раҳо карда, то поёни мурофиа ба “ҳабси хонагӣ” бигирад.

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон дар охири моҳи май дастур дода буд, ки Алсу Қурмашеваро то 5-уми август дар Боздоштгоҳ нигоҳ бидоранд.

Қурмашева дар он мурофиа гуфт, худро бад ҳис мекунад ва хоҳони дахолати фаврӣ ба қазияаш шуд. Вай аз он ибрози нигаронӣ кард, ки барои тамоси телефонӣ иҷоза надорад ва бори охир садои фарзандонашро дар моҳи октябри соли 2023 шунидааст.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст. Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

XS
SM
MD
LG