Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми вазири собиқи қазоқро тағйир надод


Қуандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон.
Қуандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон.

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 26-уми июн ҳукми Қуандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии ин кишварро, ки бо ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шудааст, бетағйир боқӣ гузошт.

Бишимбоев ва вакили дифои ӯ аз додгоҳ хоста буданд, ки банди парвандааш аз "куштор" ба "қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ" иваз ва ҷазоро сабуктар кунад.

Қуандиқ Бишимбоев 13-уми май ба ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шуд. Додрас гуфт, вазири собиқ ба “куштор бо бераҳмии махсус” ва “шиканҷа” гунаҳкор дониста шуд.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро 11-уми ноябри соли 2023 ба гумони қатли ҳамсараш ба ҳабс гирифтанд. Ӯ ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мансаби вазирӣ расид.

XS
SM
MD
LG