Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамон ба ҳамдигар эътимод доранд, аммо эҳтиёткор шудаанд. ВИДЕО


Ин субҳ аз пайи таҳияи як матлаб тасодуфан дар кӯча бе телефони ҳамроҳ мондам. Бояд оҷилан ба ҳамкорам Шодмон занг мезадам то бо ҳам аз пайи хабар равем. Аз чаҳор нафаре, ки ман барои як занг телефон пурсидам, танҳо як нафар саховатмандона телефони ҳамроҳашро ба ман дод, то бо ҳамкорам дар тамос шавам.

Хеле нороҳат шудам, ростӣ ба худ гуфтам "оё мардум ба ҳам то ин ҳад беэътимод шудааст, ё бахти ман омад накард?" Албатта бо 4 нафар хулосагирӣ кардан кори дуруст нест. Бо ҳамкорам Шодмон тасмим гирифтем бо як таҷриба дар кӯчаҳои шаҳр бубинем, то кадом андоза мардум ба ҳам эътимод доранд ва ба кӯмаки як нафаре, ки дар кӯча ниёз ба як занг дорад, мерасанд.

Дар маҷмӯъ бардошти мо ин шуд, ки ба сурати умум раҳгузарҳо дар Тоҷикистон чун пештара ба ҳам эътимод доранд, аммо каме эҳтиёткор шудаанд.

Аз дастикам 25 нафаре, ки мо барои як занги оҷил, бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун аз ҷумла, тафдони рӯшан, утуи даргирон, хоҳари бемор, кӯдаки дар хона танҳо аз раҳгузарон телефон хостем, қариб 15 нафар гуфтанд, ки суратҳисоби мобилашон пул надорад, вагарна кӯмак мекарданд. Дурустии ин ҳарфҳоро мо тафтиш накардем.

Ҳафт нафари дигар ҳам барои истифода аз телефонашон розӣ шуданд, вале аксарият дар оғоз каме истиҳола мекарданд, ба чеҳра ва сару либоси ман бодиққат назар мекарданд, ки оё ба ин "корафтода" мешавад итминон кард? Чанд нафари боқимонда ҳам бо баҳонаи серкорӣ посухи рад доданд. Як нафар рӯшан гуфт, ки телефонашро ба ҳеҷ кас намедиҳад.

Шубҳаи онҳое, ки ба ман зуд телефон надоданд, бесабаб нест. Як нафар гуфт, боре бо чунин кӯмак ба худ дарди сар харид. "Як рӯз як зан аз телефонам занг зад, шавҳараш дигар маро безор кард. Занг мезад, ки шумо кӣ ҳастед ба телефони зани ман занг задед. Хеле фаҳмондам, ки ман як роҳгузар будам, бовар накард. Қасам медод. Мегӯяд ту аз куҷо он духтарро мешиносӣ?"

Одамон ба ҳамдигар эътимод доранд, аммо эҳтиёткор шудаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:35 0:00

Аксарият ҳам мегуфтанд, дар ҳолатҳои истисноӣ телефони худро аз раҳгузари корафтода дареғ намедоранд. Аммо мегуфтанд, ки ҷинси шахси корафтода барои онҳо аҳамият дорад. Бисёр ҳамсӯҳбатҳои мо, махсусан духтарон гуфтанд, ба мардҳои раҳгузар, ки барои як занг телефон мепурсанд, камтар эътимод доранд, зеро онҳо бо ин баҳона рақами телефони духтаронро мегиранд ва баъд азият мекунанд.

Як ҷавондухтар вақте фаҳмид, ки кори мо таҷрибавӣ аст гуфт, "албатта телефонамро на ба ҳама медиҳам. Мебинам аввал, агар воқеан кори оҷиле дорад ва занг барояш ҳатмӣ аст, чаро надиҳам? Вале албатта ба мардону ҷавонписарон аксаран посухи рад медиҳам."

Ва писаре ҳам гуфт, маъмулан занон аз пурсидани телефони касе шарм медоранд, магар, ки маҷбур шаванд ва ягон кори заруре пеш ояд. Бинобар ин, ӯ одатан ба занону духтарон бовар дорад ва дар чунин ҳолатҳо бидуни ягон дудилагӣ телефонро барои истифода медиҳад.

Як устоди миёнсоли донишгоҳ ҳам, ки телефони тамғаи солҳои пешро дошт, вақте ба ӯ гуфтам "дарзмолро дар хона рӯшан карда будам ва бояд ба касе бигӯям онро хомӯш кунад", дарҳол телефонашро ба ман дод.

Аммо баъдан, вақте дурбинро ба ӯ нишон додам, гуфт, мардум аксарият дар чунин ҳолатҳо ба ҳам эътимод доранд ва меҳрубонанд. Ӯ аз таҷрибаи худ мисол овард. "Мешавад ҳолатҳое, ки ба мағоза меравам ягон сумам намерасад, фурӯшандаҳо мефаҳманд, мегӯянд, муаллим рав, баъд имкон шуд, меоред."

Дар маҷмӯъ бардошти мо ин шуд, ки ба сурати умум раҳгузарҳо дар Тоҷикистон чун пештара ба ҳам эътимод доранд, аммо каме эҳтиёткор шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG