Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмаки "талоқ" дар Тоҷикистон дубора расм шудааст


Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд
Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, танҳо дар моҳи июли соли равон беш аз 10 зан, ки ҳамсаронашон онҳоро бо СМС ё паёмаки телефони ҳамроҳ талоқ талоқ додаанд, аз рӯҳониҳои ин Марказ пурсиданд, ки оё ин талоқ қонунӣ аст ё не.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар шариати исломӣ ихтиёри талоқ дар дасти мард аст ва агар зан амали носазое кунад, мард метавонад ба ӯ тариқи сӯҳбат ва ё СМС-паёмак талоқ диҳад: «Вақте, ки хаттӣ паём менависанд ва паём ба дасти зан мерасад ва муаллифи паём марде ҳаст, ки барои ҳамсараш мефиристад, талоқ аст ва зиндагияшон ба ҳамин тамом мешавад,» -- мегӯяд ин рӯҳонии тоҷик.

Талоқ аз тариқи паёмак дар Тоҷикистон ҳудудан 7 сол пеш зуҳур кард ва онро асосан муҳоҷирони корӣ роиҷ намуданд, ки бо ҳамсарони худ фосила доштанд ва ҷанҷолҳои хонаводагиро аз дур қазоват мекарданд. Бо вуҷуди вокуниши сареи рӯҳониёни Тоҷикистон ба ин падида ва “ғайриқобили қабул” унвон шудани он паёмакҳо, ҳамчунон меоянду мераванд ва зиндагиҳо ба ҳамин осонӣ аз ҳам мепошанд.

Идораи кор бо занони вилояти Хатлон дар мулоқот бо занони чанд навоҳӣ ба онҳо дастур додааст, ки аз истифодаи бемавриди телефони мобил ва хондани паёмакҳои ҳамсарони худ худдорӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, занҳое, ки аз ҳамсарони худ паёмаки талоқ гирифтаанд, худро “талоқшуда” мешуморанд, дар ҳоле, ки никоҳи расмии онҳо дар назди давлат ҳифз шудааст.

Саидҷони Сорбонхоҷа
Саидҷони Сорбонхоҷа

Ҳодисае, ки бо Ситора, як зани 32-солаи ноҳияи Бохтар рух дод, шабеҳи қазияҳои дигари талоқ аз тариқи СМС аст. Ду моҳи пеш Ситора, дар ҳоле, ки модараш сӯбати телефонии тӯлонӣ дошт, аз шавҳараш, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст, занги телефонӣ гирифт, аммо натавонист сӯҳбати модарро қатъ кунад. Ӯ дар ҳоле, ки бо модар худоҳофизӣ мекард, аз шавҳараш СМС гирифт. Ӯ аз он хушҳол шуд, ки шояд шавҳараш барояш паёмаки муҳаббатомез навиштааст, аммо сафҳаро боз карду дар шояш шах шуд. «Шавҳарам гуфт, ки ба хонаатон бирав, навишт, ки дигар бо ман зиндагӣ намекунад ва се талоқам кардааст. Ман СМС-ро барои он кушодам, ки шавҳарам маъмулан агар телефонаш пул намедошт, бо СМС ҳолпурсӣ мекард. Гуфтам, шояд ҳоламро мепурсад. Дар қисмати мо ҳаминро навишта будаанд. Занҳоеро медонам, ки аз телефон зиёд истифода мекунанд, аммо зиндагияшон хуб аст.» -- гуфт Ситора, ки зоҳиран, шавҳараш аз дурудароз банд боқӣ мондани телефони ҳамсараш ба шубҳа афтодааст.

Рухшона Шоинова, равоншиноси маркази иҷтимоии «Занон» дар вилояти Хатлон мегӯяд, тамоюли талоқ бо СМС пайваста ҷараён дорад ва маъмулан занҳои ҷавон ин таҷрибаи талхро имтиҳон мекунанд. «Ин духтарон аз 20 то 30 сола ҳастанд, ки аз тариқи телефон аз шавҳарони худ талоқ мегиранд ва ҳамин истифодаи телефон як омили талоқ ҳаст дар миёни мардум.»

Маърифат Зоҳирова, раиси бахши кор бо занон ва оила дар вилояти Хатлон
Маърифат Зоҳирова, раиси бахши кор бо занон ва оила дар вилояти Хатлон

Маърифат Зоҳирова, роҳбари идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агарчи талоқ бо СМС-паёмак дар Тоҷикистон падидаи нав нест, вале ин амр бештар бо гуноҳи занон ба миён меояд." Чун ба гуфтаи хонум Зоҳирова, занон нисбати зангҳои телефонии шавҳарони муҳоҷирашон, ки "бо сад умед" бо хонаводаашон тамос мегиранд, бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд. Аммо коршиносони масоили гендерӣ мегӯянд, мардҳо, ба хусус ҷавонон бештар дар ҳолати асабоният ба соддагӣ ба хонумонашон талоқ мефиристанд, ки ин падидаи хубе нест.

Ҳарчанд ба гуфтаи ин коршиносон "талоқ”-и занон аз тариқи телефони ҳамроҳ ё ирсоли СМС-паёмак барои мардҳо басо кори осон аст ва пули зиёде сарф намешавад, вале ин амр паёмадҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии сангинро рӯи зиндагии занону духтарон ба бор меорад."

Наргис Қосимова, коршиноси масоили гендерӣ дар вилояти Хатлон дар ин бора мегуяд. «Бештари занони тоҷик дар рустоҳо дар як ҳолати сангин қарор доранд, вале як талаффузи «талоқ» занро барои якборагӣ бадбахт мекунад ва дар вақти никоҳ ризогии занро мегиранд, вале дар вақти талоқ аз занҳо чизе намепурсанд.»

Бо ин ҳол рӯҳониёни Хатлонӣ мегӯянд, ки "дар мазҳаби ҳанафӣ барои талоқ шоҳид зарур надорад ва мард тариқи телефон, СМС-паёмак ва ё ҳар чизи дигаре талоқ диҳад қабул аст."

Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1883 мавриди талоқ сабт шудааст, ки 74 ҳолат нисбати ҳамин дарваи соли 2013 бештар будааст. Талоқҳое, ки бо СМС фиристода шудаанд, ба иномор шомил намешаванд, зеро Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, бо вуҷуди эътирофи никоҳ ҳамчун рукни мазҳабии бунёди оила боз ҳам додгоҳҳо талоқро амали ҳуқуқӣ намешуморанд.

XS
SM
MD
LG