Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси деҳи Ватан ва ширкати "Грин голд" ба куҷо мебарад? ВИДЕО


Нияти як ширкати барои бунёди пистазори нав дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус сокинони деҳаи Ватанро нигарон кардаст.

Ширкати хориҷӣ бунёди пистазорро дар ҳудуди 4 гектар заминҳои иҷорагирифтааш шурӯъ кардааст, вале ин корҳо дастрасии сокинони деҳаро ба қабристони нави онҳо мушкил кард. Баҳсе, ки дар миёни сокинони деҳаи Ватани ҷамоати деҳоти Обшорон, мақомоти ноҳия ва ҳам ширкати “Грин голд” бархостааст, зоҳиран роҳҳале надорад.

Намедонам, ки чӣ кор кунем, роҳро мо таъмир кардем, роҳи дигар агар бисозем, 50 километр бояд таъмир кунем, ки мардум ин имконро надоранд.

Мушкили сокинон сари истифодаи роҳест, ки ба мазори гузаштагони онҳо мебарад. Ширкати “Грин голд” ҳамчун иҷорагирандаи қитъаи замини назди мазор аз ҷониби сокинони маҳаллӣ истифода шудани ин роҳро намехоҳад.

Соли 2015 ҳукумати ноҳияи Шаҳритус баъди арзёбии аризаҳои сокинони деҳаи Ватан, ки талабашон бунёди мазоре будааст, ба онҳо чаҳор гектар заминро аз заминҳои ҷамоати Холматов ҷудо намуд, вале баъди барканор шудани раиси ноҳия ва ба ҷои ӯ омадани раиси дигар, ҳоло хатари аз даст додани мазор ҳам ба миён омадааст. Сокинон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки шаш ҷасадро, ки дар ним соли гузашта дар қабристони нав гӯрондаанд, бикананду ба ҷойи дигар баранд, аз сӯи дигар, истифодаи онҳо аз роҳе, ки ба мазор мебарад, аз ҷониби ширкати “Грин голд” хуш қабул намешавад.

Онҳо мегӯянд, бар асоси қарори қонунии ҳукумати ноҳияи Шаҳритус соли 2015 ва баъди дархостҳои бисёрсолаашон соҳиби мазор шуданд. То ин вақт мурдаҳоро ба деҳаҳоҳи ҳамсоя мебурданд, вале дигар барои мурдаҳои онҳо дар қабристонҳои деҳаҳои ҳамсоя ҷой нашуд ва мардум барои гирифтани мазор солҳо пушти дари ҳукумат мегаштанд.

Мазор бошад ё пистазор?
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:25 0:00

Соли 2017 раиси ноҳияи Шаҳритус қарори дигаре имзо кард, ки замини назди мазорро дар ихтиёри ширкати кишоварзии "Грин голд" гузошт. Мақомот дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус вуҷуди баҳси сокинони ҷамоати "Обшорон"-ро, ки солиёни дароз барои гӯрондани мурдаҳояшон қабристоне надоштаанд, тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки онҳо бо ширкати “Грин голд” мушкил доранд, на ба сокинон. Мақомот айни замон дар бораи ҷузъиёти баҳсашон бо ширкати “Грин голд” чизе намегӯянд.

Ҳоло ширкати "Грин голд" ба кор дар назди мазор оғоз кардааст, заминҳоро шудгор мекунад ва қарор аст, ки дар ин замин писта кишт шавад, вале ин барномаҳо нигаронии сокинонро бештар мекунад. Онҳо намехоҳанд макони қабри мурдаҳоро дигар кунанд ва аз сӯи дигар, роҳашон ба ин мазор, ки аз дохили заминҳои "Грин голд" мегузарад, то рафт мушкил мешавад.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки бар асоси тасмими комиссиюни махсус, дар ин ҳудуд бояд ҳам пистазор бунёд шаваду дар канори он мазор боқӣ монад.

Мурдаҳоро куҷо кӯр кунем?

Раҳим Абдуллоев, раиси маҳаллаи Ватан ва аз домуллоҳои деҳа мегӯяд, гӯру чӯби мардуми деҳа бар зиммаи онҳост ва ин масъала ҳамеша барои сокинони маҳаллӣ дарднок аст. Сокинони деҳа то шаш моҳи пеш намедонистаанд маити худро дар куҷо ба хок супоранд. Ӯ гуфт, сокинони маҳаллӣ билохира соҳиби мазор шудаанд, беш аз 50 ҳазор сомониро барои маҳкам кардани атрофи мазор ва сангу шағал рехтани роҳаш сарф кардаанд, вале ширкати "Грин голд" мегӯяд, ки "ё мазорро аз инҷо кӯч диҳед ё роҳатонро иваз кунед":

"Намедонам, ки чӣ кор кунем, роҳро мо таъмир кардем, роҳи дигар агар бисозем, 50 километр бояд таъмир кунем, ки мардум ин имконро надоранд. Ин ширкат мегӯяд, ки дар сурати озод накардани роҳ бояд мурдаҳоро аз ин ҷо ба ҷойи дигар баранд. Вале мардум розӣ нест".

Дар ҳоле, ки баҳс идома дорад, масъулини ширкати “Грин голд”, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ҷӯёи мавқеи онҳо буданд, дастрас нестанд. Танҳо як тракторе дар заминҳои иҷорашуда бо ҳамвор кардани замин машғул асту бас.

1 км куҷою 20 км куҷо?

Дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, замине, ки барои мазор чанд соли пеш ихтисос дода шудааст, аз ҳисоби заминҳои ҳосилхези кишоварзӣ мебошад ва сокинон роҳро то мазор “худсарона сохтаанд”.

Ризқ Давлатов, раиси ҷамоати деҳоти "Холматов" гуфт, ки роҳе, ки ба сокинон барои мазор дода шудааст, аз тарафи ҷанубии қабристон аст, ки дур ҷойигир аст, на ин роҳе, ки аз дохили замини кишоварзӣ рад мешавад. Ӯ гуфт, ки дар қарори замине, ки ба дасти мардум расидааст, роҳ то мазор ҳам ишора шудааст, вале мардум “ба деҳа наздик” гуфта, роҳи нав сохтаанд. Фосилаи роҳи онҳо аз деҳа то қабристон 1 км мебошад.

Сокинони деҳа мегӯяд, ки барои бунёди роҳи нав, ки он ҳам 20 километр роҳи онҳоро дур мекунад, имкони молӣ надоранд.

Баҳси замин яке аз масоили доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки 93 дар сади қаламравашро кӯҳистон ташкил мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG