Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои "сӯистифода" аз номи Рустами Эмомалӣ дар як баҳс барои манзил. ВИДЕО


Ҳоҷиқул Бобокалонов, сокини маҳаллаи "Меҳробод"-и Душанбе.
Ҳоҷиқул Бобокалонов, сокини маҳаллаи "Меҳробод"-и Душанбе.

Як сокини шаҳри Душанбе ба додситонӣ шикоят карда гуфтааст, ҳамсояаш бо истифода аз номи Рустами Эмомалӣ -- шаҳрдорӣ Душанбе, нисфи манзили ӯро тахриб карда, ҷои он ба худ роҳ бунёд кард.

Ҳоҷиқул Бобокалонов, сокини маҳаллаи Меҳрободи пойтахт, авоили ин ҳафта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як ҳамсояи наздикаш бо истифода аз номи шаҳрдор Рустами Эмомалӣ як теъдод иншооти маишии манзилашро тахриб кард, вале то ҳанӯз касе "ҷилав"-и ӯро намегирад.

Дар ду соли ахир чандин мавриди кормандони идораҳои қудратӣ ва ҳатто рафиқи фарзандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардани афроди алоҳида расонаӣ шуд.

Ӯ мегӯяд, тобистони соли гузашта ҳамсояаш Абдуқаҳҳор Сарваров ҳамроҳ бо Суҳроб ном марде, ки домодаш будааст, ба ҳавлии онҳо омада гуфтанд, ки бар асоси дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, бояд як қисмати ҳавлии ӯ, ки дар он анҷомхона ва ошхонаи дутабақа бунёд шуда буд, вайрон ва аз ин ҳисоб роҳи ҳавлии онҳо васеъ карда шавад.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамсоя бо домодаш омад ва ӯ худашро намояндаи раиси шаҳр муаррифӣ кард ва дар назди ман ба касе занг зада гуфтанд, ки муовини раис ҳам аз ин кор дар ҷараён аст. Вақте аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ гуфт, дигар ҳеҷ чиз нагуфта, розӣ шудам. Чун ин хонаҳоро солҳои 70-ум барои мо давлат дода буд ва танҳо соли 2010 онро хусусӣ кардем. Фикр кардам шояд ба ин хотир раиси шаҳр гуфта бошад. Роҳи хонаи ҳамсоя танг буд ва инҳо мехостанд кушод кунанду мошингузар бошад".

Сӯистифода аз номи раиси шаҳр дар баҳси манзил
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Ҳоҷиқул Бобокалонов мегӯяд, вақте фаҳмид ҳеҷ қарору дастуре аз сӯи шаҳрдорӣ барои тахриби манзили ӯ вуҷуд надорад ва ин корро ҳамсояаш барои тарсонидан анҷом додааст, ба мақомоти интизомии ноҳия шикоят кард. "Масъулини ҳукумати ноҳияи Сино омада диданд, ҳамсоя назди онҳо гуфт, ки аз нав иншооти вайрон кардаашро сохта медиҳад, аммо то имрӯз касе дигар ба шикоятам гӯш намекунад",-афзуд ӯ.

Ин сокини маҳаллаи Меҳробод мегӯяд, бо гузашти яксол ҳанӯз наметавонад дубора як қисмати ҳавлияшро, ки аллакай дар ихтиёри ҳамсоя гузаштааст, бигирад. Аз ин хотир, ду рӯз пеш Ҳоҷиқул Бобокалонов ба додситонии шаҳри Душанбе шикоят бурд, то ҳақ ба ҳақдор расад.

Ҳоҷиқул Бобокалонови 71-сола гуфт, солҳои зиёд ба ҳайси муҳандис дар давлат кор кардааст ва чиҳил соли ахир ҳам дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ умед дорад сӯиистифода аз номи Русмати Эмомалӣ ба гӯши шаҳрдори Душанбе мерасад ва мушкилаш ҳал мешавад.

Сарваров иддаои ҳамсояашро радд мекунад

Абдуқаҳҳор Сарваров.
Абдуқаҳҳор Сарваров.

Аммо Абдуқаҳҳор Сарваров -- ҳамсояи Бобокалонов ин иддаоҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ин замине, ки ҷанҷол бар сари он аст, моли касе нест. Сарваров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва домодаш ҳеҷ гоҳ аз номи Рустами Эмомалӣ шаҳрдорӣ Душанбе истифода накардааст. Аммо тасдиқ кард, ки ҳамсар ва домодаш барои аз навсозии ошхонаву анҷомхонаи Бобокалонов ба мақомот забонхат додаанд.

Сарваров гуфт, "ҷое, ки мо гирифта, ба роҳи ҳавлии худ ҳамроҳ кардем дар аввал як майдонча буд ва ин ҳамсоя соли 2000 онҷоро гирифта, ошхонаву анҷомхона сохт. Аз ин хотир, ман аз ҳамин ҳисоб роҳро кушод кардам".

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷиқул Бобокалонов мегӯяд, ӯ ин иншоотро дар ҳавлии худ ҳанӯз соли 1991 бунёд карда ва ҳамин қисмати ҳавлӣ дар нақшаи ҳуҷҷати замин ба номи ҳамсари ӯ аст.

Мақомот аз баҳси ҳамсояҳо хабар доранд

Аз баҳси ин ҳамсояҳо бар сари нодуруст тахриб шудани манзили Бобокалонов мақомоти маҳаллӣ ҳам хабар доранд. Абуқаҳҳор Азимов, раиси маҳаллаи Меҳробод дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман аз ин баҳс огоҳ ҳастам ва то ҷое медонам Сарваров бояд иншоотҳои тахрибшудаи Бобокалоновро сохта медод. Ҳоло дигар баҳс то куҷо расид, хабар надорам"

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017 шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Баъди ба ин мақом расиданаш корҳои зиёдеро анҷом дод ва эътимоди мардум нисбаташ бештар шуд. Ҳоло аксари корафтодаҳо, ки наметавонанд мушкилашонро дар мақомоти гуногун ҳал кунанд, охирин умеди худро ба шаҳрдори Душанбе мебанданд. Аммо бори аввал аст, ки як нафар бо суиистифода аз номи Рустами Эмомалӣ мушкилашро ҳал кардааст.

Чанд мавриди сӯистифода аз номи раҳбарон дар Тоҷикистон

Дар гузашта чанд ҳолати сӯистифода аз номи мақомҳои Вазорати умури дохилӣ, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва идораи замин сабт шудааст. Се соли қабл мақомот аз боздошти як ҷавон хабар дода буданд, ки барои ҳалли мушкили худу дигарон гӯё аз номи писари хурдии раиси ҷумҳури Тоҷикистон истифода кардааст.

Дар ду соли ахир чандин мавриди кормандони идораҳои қудратӣ ва ҳатто рафиқи фарзандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардани афроди алоҳида расонаӣ шуд. Соли 2015 аз ҷумла Оҷонси мубориза бо фасод, Хушдил Қурбонов, як муҳассили мактаби байналмилалии шаҳри Душанберо дастгир кард, ки худро рафиқи Сомони Эмомалӣ, писари хурдии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда ва бо ваъдаи ҷудо кардани замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аз як нафар 50 ҳазор доллар гирифтааст.

Дар ҳодисаи дигар Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола дар сӯҳбатҳои телефонӣ худро ёвари муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва гоҳо ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекардааст. Ӯро мақомот дастгир карданд ва дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳам намоиш доданд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, мавҷудияти чунин қаллобӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сӯистифода аз мақому ва иҷрои хоҳиши афроди бонуфуз дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дорад ва бархе аз “афроди чолок» мехоҳанд, аз ин вазъ истифода баранд. Айни замон ба баъзеҳо муяссар мешавад, ки афроди зиёдеро фиреб кунанд ва касе ҳам ба мақомот барои талаби ҳаққи худ муроҷиат накунад.

XS
SM
MD
LG