Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси журналист ва корхонаи тилло. Кӣ ҳақ – Зарифӣ ё "Зарафшон"?


Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоири муқими Панҷакент корхонаи тиллои "Зарафшон" ва ду масъули ҳукумати Панҷакентро барои беасос ва дурӯғ номидани як мақолаи ӯ дар бораи камбудҳои ин корхона, ба додгоҳ кашида, 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ талаб кардааст.

Даъвои мутақобили журналист ва корхонаи тилло алайҳи якдигар

Исмоил Зарифӣ баъд аз зуҳри 27-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Панҷакент ӯро дар бораи даъвои корхонаи “Зарафшон” алайҳаш дар ҷараён гузошт ва ӯ ба навбати худ имрӯз аризаи даъвоӣ пеш овард. Ӯ гуфт, посух ба мақолааш, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи июл чоп шуда буд, бар хилофи талаботи Қонуни матбуот дар нашрияи ҳукумати Панҷакент -- "Зарафшон" ба чоп расид.

Корхонаи муштараки "Зарафшон", воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба кишвари Чин ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар он мақола навиштаанд, ки ягон факту рақамҳои оварда дар бораи камбудҳои корхонаи тиллои "Зарафшон" асоси воқеӣ надорад ва муаллиф гӯё дурӯғ гуфтааст. "Вокуниш бе санҷишу таҳқиқи мавзӯъ навишта шудааст ва шаъну шарафи касбии маро ба ҳайси журналист, зери по мегузорад. Ин мақолаи ҷавобӣ аз номи муовини аввали раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода нашр шудааст”,-мегӯяд Исмоили Зарифӣ.

Дархости Зарифӣ чист?

Зарифӣ гуфт, ӯ аз додгоҳ рӯёнидани ним миллион сомонӣ зарари маънавиро барои "дурӯғгӯ" номидани ӯ дар мақолаи ҷавобӣ мушаххасан аз муовини аввали ҳукумати шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода, Луқмон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи “Зарафшон”, Ҷан Шундин, мудири кулли корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” ва ҳуқуқшиноси ин корхона Фаррух Исрофилов, дархост кард.

Ҳамчунин, ӯ аз додгоҳ хостааст, ки ҷавобгарон барои ин аъмоли худ тавассути нашрияи “Зарафшон” расман узр пурсанд.Талаби дигари Зарифӣ аз додгоҳ ин аст, ки "корхонаи муштараки "Зарафшон" барои аз 13-уми август бе иҷозатномаи давлатӣ дар ду самт, яъне ЗИФ-1 ва ЗИФ - 2 кор карданаш ва нахобонидани ин коргоҳҳо, ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҳама фоидаи дар ин самтҳо ба даст овардааш, ба будҷаи Тоҷикистон гузаронида шавад."

Исмоил Зарифӣ.
Исмоил Зарифӣ.

Зарифӣ дар аризаи даъвоии худ ба додгоҳ навиштааст, ки нашри вокуниш ба мақолаи ӯ дар нашрияи ҳукумати Панҷакент боис гардид, ки вазъи рӯҳияш хароб шуда, рӯзҳои зиёде дар шӯъбаи касалиҳои асаб бихобад ва баъдтар ба маркази саломатии шаҳри Панҷакент муроҷиат кунад.

Даъвои ҷавобии Зарифӣ дар ҳолест, ки қаблан корхонаи муштараки тилои "Зарафшон", ки 75 дарсади саҳмияҳояшро Чин дар даст дорад, алайҳи Исмоил Зарифӣ ва ҳафтаномаи "Тоҷикистон" барои мақолаи "Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?" ба додгоҳ даъво бурда, 10 000 сомонӣ ҷуброн хоста буд.

Ҷин Шундин чӣ мехоҳад?

Ҷин Шундин, мудири кулли ин корхона аз додгоҳи Панҷакент хостааст, Исмоил Зарифӣ -- муаллифи мақола ва нашрияи “Тоҷикистон” барои паҳн кардани маълумоти беасос, ки шаъну шараф ва эътибори кории ин корхонаро паст мезанад, бо се роҳ амали худро ҷуброн кунад -- мақолаи мазкур беэътибор дониста шуда, аз интернет хориҷ карда шавад ва муаллиф дар нашрияи "Тоҷикистон" оид ба дурӯғ будани мақолаи худ раддия чоп кунад ва аз ҷавобгарон барои паст задани эътибори корхонаи мазкур 10 000 сомонӣ подоши зарари маънавӣ рӯёнида шавад.

Намое аз шаҳри Панҷакент.
Намое аз шаҳри Панҷакент.

Ин даъво аз номи ҶДММ КМ "Зарафшон" бо имзои мудири кулли ин корхона Ҷин Шундин ба додгоҳи Панҷакент ворид шудааст. Додгоҳ ҳанӯз ба баррасии он шурӯъ накардааст.

Корхонаи муштараки "Зарафшон", воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба кишвари Чин ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аз соли 1994 то соли 2007 қисмати бештари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои "ZiJin Mining Group Co.Ltd" харидорӣ кард.

Ҳудуди 1500 коргари ин корхона тирамоҳи соли 2011 ба корпартоии умумӣ даст зада, аз раҳбарияти худ талаб карда буданд, моҳонаашон зиёд ва шароити корӣ беҳтар карда шавад.

Зарифӣ мегӯяд, дар мақолааш - "Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?" бархе мушкилоти ин корхонаи тилло, аз ҷумла рӯзи кории 12- соатаи коргарони маҳаллӣ, заъфи техникаи бехатарӣ ва фарқи аз ҳадд зиёди моҳонаи коргарони оддӣ ва менеҷерҳову ҳуқуқшиносони ин корхона баён кардааст. Вале ба қавли ӯ, дар мақолаи ҷавобӣ мақомот далелҳои овардаи ӯро бепоя ва нодуруст номида, ӯро барои паҳн кардани факту рақамҳои бардурӯғ, муттаҳам кардаанд.

Ду баҳси додгоҳии журналистон дар Суғд

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор, шоир ва узви иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, аз фаъолони саҳифаи тоҷикии "Фейсбук" муқими Панҷакент аст ва ба ҳайси хабарнигори мустақил фаъолият дорад. Даъвоҳои Зарифиву корхонаи муштараки тилои "Зарафшон" дуюмин баҳси додгоҳии рӯзноманигорон дар вилояти Суғд дар як соли ахир аст.

Моҳи феврали ҳамин сол як зани сокини Хуҷанд телевизиони "Танин"-и шаҳри Хуҷандро барои паст задани шаъну шарафаш дар як намоиши ин телевизион ба додгоҳ кашида, 800 ҳазор сомонӣ подоши зарари маънавӣ талаб кард. Додгоҳи Хуҷанд алайҳи телевизини "Танин" бо иттиҳоми "ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ" парвандаи шаҳрвандӣ боз карда, дар баррасии он то гирифтани натиҷаи ташхиси пурраи намоиши "Танин" аз ҷониби Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, таваққуф кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG