Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дандонҳои динозаври Душанберо кӣ шикаст? ВИДЕО


Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба "қазияи дандонҳои динозавр" тафтишоти худро ба анҷом расонида ва мегӯяд, ки ягон нафар қасдан ба яке аз динозаврҳои сунъӣ дар боғчаи кӯдаконаи "Дунёи афсона" воқеъ дар парки Садриддин Айнӣ, зарар нарасонидааст. "Хулоса ин, ки дар вақти насб кардан ҳамон дандонҳояаш нуқс пайдо мекунад ва бо ҳамин сабаб меафтад",-гуфт як манбаъ ВКД дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дандонҳои шикастаи як динозавр дар боғи нави пойтахт баҳси зиёдеро миёни сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Гурӯҳе рафтори мардумро дар рӯзи таҷлили Наврӯз интиқод карданд ва гурӯҳи дигар масъулонро, ки дар насби атраксионҳо барои кӯдакон, аз ашёи пастсифат истифода кардаанд. Масъулони боғ мегӯянд, ки динозаврҳо аз Чин ва дигар атраксионҳои ин боғча аз Туркия оварда шудааст.

Дандонҳои динозаври Душанберо кӣ шикаст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Баҳриддин Исоқов, роҳбари ин боғ рӯзи 23-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте мо овардем, худаш шикастагӣ буд. Ҳангоми интиқол ба боғ шикастааст. Дар инҷо кӣ онро мешиканад? Ҳеҷ кас ҳақ надорад даромада, инро дар инҷо шиканад. Ширкате, ки ба мо ин динозаврҳоро додааст, дандонҳоро аз ҳисоби худаш мефиристад."

Шаш дандони як динозаври ин боғ дар ҷояш нест. Дар маҷмӯъ дар боғчаи навтаъсиси “Дунёи афсона”, ки дар миёни Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Айнӣ сохта шудааст, дар баробари чанд ҷонвари дигар, 12 динозаври резинӣ мавҷуд аст аст.

Зоҳиран издиҳоми мардуми зиёд дар рӯзҳои ид, мақомоти боғро ғофилгир кард. Боғча гунҷоиши 500 нафарро дорад, вале масъулон мегӯянд, рӯзи аввал чанд маротиба аз меъёр одамон зиёд ворид шуданд.

Баҳриддин Исоқов, роҳбари боғ гуфт: "Рӯзи аввали ид каме мушкил буд, вале баъд мо мушкилотро ҳал кардем. Диназавр ин як чизи нав буд, мардум ҳама мехост аввал онро бинанд. Барои ҳамин каме мушкил буд. Вале ҳоло нағз шуд, одамон омада рафта истодаанд."

Рӯзона барои чанд соат баста будани дари ин боғча, масъалаи дигаре буд, ки миёни сокинон овозаҳои хароб шудани таҷҳизоти фароғатии боғро ба миён овард. Масъулон мегӯянд, аз соати 13 то 17 танаффуси техникӣ аст ва ҳаминро баъзеҳо аз кор мондани атраксионҳои боғ пиндоштаанд.

Динозаврҳои сунъӣ ҷузъе аз навгониҳои боғчаи навтаъсиси кӯдаконаи "Дунёи Афсона" аст, ки се рӯз пеш барои сокинон боз шуд. Маҷмааи фароғатии “Дунёи афсона” дар майдони 2,5 гектар бунёд шудааст. Дар рӯзҳои ид то 25-уми март вуруд ба инҷо ройгон аст ва баъдан пулакӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG