Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук, ОК, ВК, Ютюб ба ҷойи рӯзномаву телевизион? (ВИДЕО)


Ба гуфтаи мутахассисон, шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои ахир манбае барои гирифтани хабар шудаанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои ахир манбае барои гирифтани хабар шудаанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ хонандаву шунавандаҳои расонаҳои хабариро аз худ карда, кори журналистону матбуотро ба чолиш ру ба ру кардаанд. Ин нигаронӣ дар ҳамоиши байналмиллалие садо дод, ки дар Душанбе сурат мегирад.

Азамат Тинаев таҳлилгар аз Қирғизистон мегӯяд, рушди босуръати технология ва истифодаи васеи телефону планшетҳо, ҳар як нафарро ба журналисти мардумӣ табдил додааст. Аз як тараф ба назари ӯ ин кори рӯзноманигорро сабуктар мекунад, аммо аз сӯйи дигар талабот ва эътимод ба кори расонаҳоро то ҷое коҳиш хоҳад дод.

“ Гап сари ин аст, ки хонанда ва тамошобин маълумоти босифат ва бо тавозун мехоҳад. Ҳоло мо вазъи баръаксро мебинем, ҳамкасбони мо аз хабару овозаи дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, истифода мекунанд ва талош мекунанд ҳарчӣ зудтар онро дар расонаҳои худ пахш кунанд” -мегӯяд, Азамат Тинаев.

Ҳамкасбони мо аз хабару овозаи дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, истифода мекунанд.

Ба таъкиди ин коршинос шабакаҳои иҷтимоӣ журналистонро, ки бояд манбаи хабаррасон бошанд, имрӯз ба шореҳи хабарӣ табдил додаанд. Аммо соҳибрасонаҳо ба ин андешаҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, замон ва шароит қолаби журналистикаро тағйир додааст ва бо таваҷҷӯҳ ба серистифода будани шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо ҳам талош мекунанд, ин шабакаҳоро чун як сарчашмаи иттилоотӣ ва ҳам барои зиёд кардани шумори муштариёну нуфузи худ истифода мебаранд.

Дина Маслова, раҳбари сомонаи хабарии zanoza.kg дар Қирғизистон аст ва ҳамарӯза аз саҳифаи онҳо беш аз 30 ҳазор нафар дидан мекардаанд. Ӯ мегӯяд, 95 дар сади хонандаҳо ба саҳфаи онҳо аз тариқи Фейсбук ворид мешаванд.

Фейсбук, ОК, ВК, Ютюб ба ҷойи радиову рӯзнома?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

“Одамон аз тариқи пост ё хабарҳое ки дар Фейсбук гузошта мешаванд ба сомона ворид мешаванд ва мо ҳам ҳоло ба тарҳи саҳифаи аслии худ аҳамият намедиҳем. Мо тамоми талошамонро ба шабакаҳо равона мекунем, роҳҳои мухталифи ҷалби хонандаҳоро аз ин тариқ ба сомонаи худ месанҷем.” - гуфт Дина Маслова.

Дар Тоҷикистон ба сабаби бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрд бо расонаҳо вазъ каме фарқ мекунад. Зебо Тоҷибоева, сардабири нашрияи “Азия плюс” дар ҳамоиши байналмиллалӣ оид ба “ВАО дар фазои рақамӣ” аз таҷрибаи ин расона ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ мисол оварда гуфт, ба далели мушкил будани дарёфти иттилоъ аз сохторҳои давлатӣ, баъзан Фейсбук барои онҳо ягона манбаъ барои гирифтани маълумоти фаврӣ аст.

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам кӯмак мекунанд ва ҳам ..
Зебо Тоҷибоева мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам кӯмак мекунанд ва ҳам ..

“Ва ҳамчунин барои расонидани маълумоте, ки мо пайдо кардаем Фейсбук ягона сарчашма боқӣ мемонанд. Барои истифодабарандаҳо осону қулайтар аст, ки дар як шабака монда тамоми хабарҳоро аз он ҷо дастарс кунанд.” - гуфт Зебо Тоҷибоева.

Ба гуфтаи хонум Тоҷибоева, дар 5 моҳи масдуд будани дастрасӣ ба саҳфаи “Азия плюс” ин расона 40 дар сади хонандаҳои худро аз даст додааст. Аммо бо вуҷуди ин масдудсозиҳо 20 ҳазор корбари доимии ин оҷонсӣ аз тариқи Фейсбук аз ин расона истифода мекунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни сӯҳбат аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хабарнигорон гуфт, дар воқеъ дар Тоҷикистон баъзан хабарнигорон ба шабакаҳои иҷтимоӣ чун як сарчашмаи иттилоъ бархӯрд мекунанд ва мавзӯҳои ин шабакаро пайгирӣ мекунанд, ин иштибоҳ нест, аммо а таъкиди ӯ дар ин самт бояд хаарнигор хеле эҳтиёткор бошад.

Нуриддин Қаршибоев, шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи мӯътамад буда наметавонанд.
Нуриддин Қаршибоев, шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи мӯътамад буда наметавонанд.

“Барои он, ки дар Тоҷикистон як таҷрибаи талх буд, ки аз хабаре, ки дар Фейсбук нашр шуда, буд як нашрия аз он мавод истифода карда маводе нашр кард. Дар натиҷа баҳси додгоҳӣ сар зад. Нашрия дар мурофиаи додгоҳӣ натавонист исбот кунад, ки сарчашмааш мӯътамад аст ва он факту рақамҳо тасдиқ наёфтанд.”- гуфт, Нуриддин Қаршибоев.

Баҳсҳо атрофи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба кори раоснаҳо дар ҳолест, ки пажӯҳишҳо муайян кардаанд, дар панҷ соли ахир бо рушди Интернет матбуоти Тоҷикистон нисфе аз муштариёни худро аз даст додааст.

Ҳамоиши байналмиллалии “ВАО дар фазои рақамӣ ва таҳдиду имкониятҳо” рӯзи 22 юми сентябр дар Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард ва дар он хабарнигорону сардабирон аз кишвраҳои Осиёи марказӣ, Русия Украина ва Аврупо ширкат доранд. Дар ин ҳамоиш дар баробари баррасии мушкилоту таҳдид ба матбуот ҳамчунин тарҳи хабарии Осиёи Марказии Радиои Озодӣ, чун як намунаи ҳамкории байни расонаҳои кишварҳои минтақа муаррифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG