Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархости почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабтином дар кишвар рад кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки намояндагони DHL дар санадҳои пешниҳодӣ ба камбуд роҳ додаанд.

Дар давоми се моҳи ахир “Почтаи тоҷик” ягона ширкати хаткашонӣ дар кишвар боқӣ монд, ки ба гуфтаи масъулин даромадаш аз ҳисоби набуди рақибон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тақрибан се моҳ пеш фаъолияти почтаҳои байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф кард. Ҷонибек Дадоматов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти алоқа, рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, фақат дар сурати ислоҳми камбуд барои идомаи фаъолияти ин почтаи байналмилалӣ иҷоза хоҳанд дод. Ӯ гуфт, “ба онҳо нмоа фиристода, масъаларо фаҳмондем. Дигар ба мо муроҷиат нанамуданд.”

Ба дари намояндагии DHl дар Душанбе мӯҳр задаанд
Ба дари намояндагии DHl дар Душанбе мӯҳр задаанд

Аммо ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дақиқ нагуфт, ки камбуди DHL дар таҳияи санадҳо аз чӣ иборат буд ва бояд дар кадом шакл ислоҳ шавад. Дар айни замон ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ба ҷуз аз намояндагони DHL намояндагони се почтаи дигари байналмилалӣ – TNT, UPS ва Pony Express – барои сабтином ба Хадамоти алоқа муроҷиате накардаанд.

Намояндагони почтаи DHL аз замони баста шудани дафтарашон дар Душанбе то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Дафтари кории ин созмон феълан холӣ аст ва коргарон ба рухсатӣ фиристода шудаанд. Аммо бархе аз сокинон гуфтанд, ки тамоми нома ва бастаҳоро тариқи “Почтаи тоҷик” мефиристанд ё дастрас мекунанд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳарчанд мисли почтаҳои байналмилалӣ нест, интихоботи дигаре надорем. Номаву бор чанд рӯз дертар мерасад.”

Дар давоми се моҳи ахир “Почтаи тоҷик” ягона ширкати хаткашонӣ дар кишвар боқӣ монд, ки ба гуфтаи масъулин даромадаш аз ҳисоби набуди рақибон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Ҳарчанд Хадамоти алоқа вуҷуди мушкил дар асноди намояндагони почтаҳои байналмилалиро омили аслӣ барои дубора фаъол нашудани онҳо медонад, аммо огоҳон мегӯянд, эҳтимол мушкили аслӣ ба тавофуқ нарасидани почтаҳои байналмилалӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ аз ҷумла “Почтаи тоҷик” аст.

Видео: Аз баста шудани DHL ва TNT "Почтаи тоҷик" фоида дидааст

Дар моҳи июн ширкати давлатии «Почтаи тоҷик» ба унвонии се ширкати бузурги хаткашонӣ дар ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон низ коршарик доштанд, нома навишта, пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Масъулини “Почтаи тоҷик” ба се ширкати бузурги хаткашонӣ пешниҳод карданд, ки мактубҳои овардаи онҳо аз хориҷаро кормандони “Почтаи тоҷик” ба суроғаи зарурӣ расонанд. Ҳамин тавр, тибқи ин пешниҳод намояндагони почтаҳои байналмилалӣ бояд муросилоти қабулкардаи “Почтаи тоҷик”-ро ба суроғаи зарурӣ дар хориҷа мерасонданд.

Аммо зоҳиран намояндагони почтаҳои байналмилалӣ ин пешниҳоди ҳамкории “Почтаи тоҷик”-ро қабул накарданд. Коршиносон мегӯянд, бастан ё маҳдуд кардани дигар ширкатҳои муросилотӣ дар бозор ва ҳукмрон кардани “Почтаи тоҷик” нишонаи рақобати носолим дар бозори Тоҷикистон аст. Ҳарчанд масъулони Хадамоти алоқа омили фаъол нашудани чаҳор ширкати муросилотиро ба расмиёт рабт медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG