Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти номзади ҲСДТ ба мақоми вакили парлумон


Фирдавс Соҳибназаров
Фирдавс Соҳибназаров

Фирдавс Соҳибназаров -- раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, ки номзадияш ба мақоми вакили парлумон ҳам пешниҳод шуда буд, боздошт гардидааст.

Фирдавс Соҳибназаров, раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, ки номзадияш ба мақоми вакили парлумон аз рӯйхати ин ҳизб пешниҳод шуда буд, шоми 3 феврал боздошт гардидааст. Бар асоси иттилое, ки то ҳоло дастраси мо шуд, мақомот ӯро дар қазияи “гум шудани 42 ҳазор доллар” дар "Тоҷпромбонк" айбдор медонанд ва бар муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Мория Соҳибназарова, модари Фирдавс, субҳи 4 феврал дар бораи боздошти писараш ба Радиои Озодӣ хабар дод ва аз ҷумла гуфт: “Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад. Боздошти ногаҳонияш хонаводаро дар ташвиш овардааст ва мо аз мақомот дархост дорем, ӯро озод кунанд.”

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки аз ҳаққи Фирдавс Соҳибназаров дифоъ мекунад, низ гуфт, шахсан шоҳиди боздошти ӯ дар бинои Додситонии вилояти Хатлон будааст. Ба қавли Зоиров, боздошти нафари таҳти ҳимояташ бо амри сардори тафтишоти Додситонии вилояти Хатлон -- Ф.Султониён ва баъд аз даъвати онҳо барои шинос шудан бо ҷилди охирини парвандаи ӯ сурат гирифтааст.

Раиси ҲСДТ мегӯяд, “ману зерҳимоям соати 15.00 ба додситонии вилоят рафтем. Ба ошёнаи сеюм ба кабинети Султониён ворид шуда, аз ӯ ҷилди охири парвандаи ҷиноятиро гирифтему шинос шуданро оғоз кардем. Якбора ба мо гуфтанд, ки Соҳибназаров дастгир карда мешавад.”

Ин боздошти Фирдавс Соҳибназаров дар ҳоле сурат гирифта, ки рӯзи 31 январи соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) хоста буд, то номзадии ин узви ҲСДТ-ро ба қайд нагирад. Дар ин нома гуфта шудааст, "Фирдавс Соҳибназаров бар асоси моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (аз они худкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262, қисми 3, банди “в” (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ба миқдори махсусан калон) муттаҳам мешавад.”

Худи Фирдавс Соҳибназаров рӯзи 26 январ дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ парвандаашро бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани ӯ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дониста буд.

Аммо дафтари матбуоти Додситонии вилояти Хатлон гуфта буд, сабаби аслии боз кардани парванда алайҳи Соҳибназаров на ба хотири бекор кардани номзадии вай, балки расидагӣ ба шикояти роҳбарияти “Тоҷпромбонк” аст. Ба қавли манбаъ, дар додситонии Хатлон, Соҳибназаров ҳамчун собиқ коршиноси қарзии ин бонк, ки қаблан барои хунукназарӣ ҳам айбдор шудааст, барои баргардондани 43 ҳазор долларе, ки соли гузашта дар ин бонк “гум” шуда буд, бояд ҷавоб диҳад.

Фирдавс Соҳибназаров мегӯяд, дар ҳақиқат ӯ дар “Тоҷпромбонк” ба ҳайси коршиноси қарзӣ кор мекард ва бо гум шудани маблағ дар ин бонк ӯро низ бо моддаи 295 (хунукназарӣ) айбдор карда буданд. Вале ӯ мегӯяд, “пас аз чанд муддат, 18 августи 2014, Шуъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонии Хатлон қарор дар бораи бекор кардани парвандаро ба дастам дод.”

XS
SM
MD
LG