Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздоштҳо бо гумони "ихвоният". Мақомот шарҳ намедиҳанд


Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Шумораи онҳое, ки бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздошт шудаанд, бино бар хабарҳо ба 70 нафар расидааст. Мақомот дар ин бора расман ҳеч хабар ва шарҳ намедиҳанд. Ду ҳафта пеш манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти 27 нафар хабар дода, гуфта буданд, ки эҳтимол ин рақам афзоиш ёбад.

Ду манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 20-уми январ гуфтанд, давоми ду ҳафтаи ахир шумораи боздоштшудаҳо дар чаҳорчӯби парвандаи "Ихвон-ул-муслимин” бештар шудааст.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огоҳ аст, гуфт, то имрӯз ҳадди ақал нисбат ба 70 нафар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод асосан бар асоси моддаи "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" ва "узвият дар ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст" (иловаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳаманд. Дар қонун барои ин ҷиноят аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале мақомот ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, "чанд нафари дигар ба бозпурсӣ даъват мешаванд, аммо маълум нест, ки нисбат ба онҳо низ парванда боз хоҳад шуд, ё не." Эҳтимол меравад, ки теъдоди боздоштшудаҳо аз ин ҳам бештар бошад. Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон аз додани ҳар гуна шарҳ дар ин бора худдорӣ мекунанд. Манбаъҳои гуногун аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон чанд феҳристи афродеро фиристодаанд, ки ба гуфтаи онҳо боздошт шудаанд. Дар байни онҳо устодони донишгоҳҳо, мансабдорони давлатӣ, рӯҳониён ва ғайра ҳастанд. Бархе аз номҳои ин феҳристро наздикони боздоштшудаҳо тасдиқ карданд.

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки 5 устоди ин донишкада аз сӯи мақомот дастгир шудаанд. Ӯ гуфт, мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз суҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Манбаъ афзуд, муаллимони боздоштшуда аз забони арабӣ дарс медоданд.

Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми январ ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дархост фиристод, то воқеият доштан ё надоштани хабарҳои марбут ба боздоштҳои ахирро шарҳ диҳанд.

Сомонаи “Ахбор.ком” бо такя ба манобеаш рӯзи 19-уми январ навишт, Тоҷиддин Яъқубов, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар миёни боздоштшудаҳо ҳаст. Манобеи Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд, аммо масъулони Донишгоҳи миллӣ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ меварзанд.

Ба ҷуз аз устодони донишгоҳҳо, инчунин, Абдухолиқ Ҳасанов, як тоҷири тоҷик бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” дастгир шудааст. Ёсин Ҳасанов, фарзанди Абдухолиқ Ҳасанов, рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, падарашро дар оғози моҳи январи имсол дастгир карда, то ҳол нишон надодаанд.

Абдухолиқ Ҳасанов
Абдухолиқ Ҳасанов

Ҳасанов гуфт, падараш вакили мудофеъ надорад ва намедонанд, ки нисбат ба ӯ бо кадом моддаи қонуни ҷиноӣ парванда кушодаанд: "Ҳангоми дастгир кардани падарам гуфтанд, ки ту ба Эрон рафта, аз онҷо бор меорӣ. Чаро зуд - зуд ба Эрон меравӣ? Ҳамин қадар гуфтанд. Падарам пештар аз Эрон маҳсулот меоварданд, вале дар байн корро қатъ карданд. Имсол боз шуруъ карда буданд. Ҳуҷҷатҳои бори аз Эрон овардаро низ бо худ бурданд," -- гуфт Ёсин Ҳасанов.

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" баъд аз ҷашни Соли нав оғоз шудааст. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳасттанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", нишон надодани онҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст. Дар гузашта низ созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG