Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро боздошти гумонбарон ба узвияти "Ихвон-ул-муслимин"-ро шарҳ намедиҳанд? ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Наздикони чанд нафари боздоштшуда бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон мегӯянд, бо гузашти тақрибан як ҳафта аз вазъи хешовандонашон хабар надоранд. Дар миёни онҳо баъзе аз пайвандони Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни шинохтаи кишвар, низ будаанд. То имрӯз ягон идораи қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон қазияро расман шарҳ надодааст. Бархе аз наздикони дастгиршудаҳо мегӯянд, мақомоти умури дохилӣ хӯроки бурдаи онҳоро барои наздиконашон қабул намекунанд.

Боздошти 27 нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" баъд аз ҷашни Соли нав сурат гирифтааст. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.

Мақомот аз шарҳи расмии қазия худдорӣ мекунанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари боздошти ин афрод аз тарафи маъмурони милиса "асос надорад".

Маҳмадзода гуфт, вай дақиқ гуфта наметавонад, ки ин афродро намояндагони кадом ниҳоди қудратӣ дастгир кардаанд. "Ин хабарҳоро дар сомонаҳо мехонем, дар асл, дар тафтишоти мо ин чиз вуҷуд надорад," -- гуфт Маҳмадзода.

Посухи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ суолҳоро дар ин замина бештар кардааст. Ин ки агар Вазорати корҳои дохилӣ ин афродро боздошт накардааст, пас, онҳо аз сӯи кадом ниҳод дастгир шудаанд. Ва оё мақомот танҳо пайванди ин афрод бо созмони "Ихвон-ул-муслимин"-ро месанҷанд ё ба зидди онҳо парванда кушодаанд.

Ошкоршавии номи баъзе боздоштшудаҳо дар робита бо узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Худдории мақомот аз суҳбат бо расонаҳо пеш аз ҳама хешовандони афроди муттаҳам ба узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин"-ро нигарон кардааст.

Наздикони яке аз дастгиршудаҳо, ки ду бародараш дар боздошт ҳастанд, гуфт, хӯроки бурдаашонро қабул намекунанд ва онҳоро аз даромадгоҳ меронанд. Ин мусоҳиби мо бо далели мушкил эҷод нашудан барояшон нахост номаш зикр шавад, вале гуфт: "Бе санадҳои дахлдор хонаҳои наздиконро кофтукоб карданд. Кӯдакон ва додару хоҳаронро тарсонданд."

Мақомот ба ин иддао ҳам ҷавоб нагуфтаанд.

Пайвандони боздоштшудаҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост доранд, ки қазияро одилона таҳқиқ кунад. Онҳо иртиботи наздиконашонро бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар рад мекунанд.

Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар миёни 27 нафари боздоштшуда Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ будааст. Абдулло Мукаммилов ё Оқилзода, ки то чаҳор соли пеш бо суҳбатҳои диниаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф буд ва солҳои охир аз худ дараке намедод, низ дастгир шудааст.

Рӯзи 7-уми январ хабарнигорони Радиои Озодӣ дақиқ карданд, ки дар миёни афроди муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" чанд устоди донишгоҳ ва донишҷӯён низ ҳастанд.

Радиои Озодӣ ҳамчунин аз манобеи дигар маълум кард, Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз зумраи онҳоест, ки бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд. Фирдавс Раҳимзодаи 35-сола як ҳафта пеш дастгир шудааст ва ӯро ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба Душанбе овардаанд.

Феълан дақиқ нест, ки афроди боздоштшуда дар бозпурсиҳо чӣ гуфтаанд ва оё вакили мудофеъ доранд, ё не.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон аст, ҳанӯз аз соли 2006 дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ҳам мамнуъст.

Тибқи омори расмӣ, аз соли 2015 то имрӯз наздик ба 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстримизм дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд. Дар пайи афви соли гузашта ҳудуди 500 нафари онҳо озод гардиданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон ва аз ҷумла маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид мекунанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда ва ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Агар шумо ҳам хабаре дар ин бора доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG