Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кандани манора мусулмонони гурҷиро ба хашм овард


Манораи баркандашудаи деҳаи Челаро ба анбор интиқол медиҳанд
Манораи баркандашудаи деҳаи Челаро ба анбор интиқол медиҳанд

Ҳафтаи гузашта мақомоти Гурҷистон бо баҳонаи таҳқиқи мутобиқати манораи воридшуда ба эъломияи он дар гумрук манораро аз масҷиди деҳаи Чела барканда, ба як баҳсе миёни мусулмонону насрониҳои маҳаллӣ замина гузоштанд

Рӯзи 26-уми август мақомоти ноҳияи Самсхети-Ҷавахетии Гурҷистон манораи 24-метраи масҷиди деҳаи Челаро канда, ҳоло онро ба яке аз анборҳои давлатӣ интиқол додаанд.

Тибқи ахбори расида вазорати молияи Гурҷистон талаб карда буд, мутобиқати манора ба эъломияи гумрукӣ таҳқиқ шавад. Ин манора дар шакли пора-пора дар моҳи июли соли равон аз Туркия ворид шудааст.

Мусулмонони деҳаи Чела бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз маҳви манора ба полис муқовимат нишон доданд. Дар натиҷа камаш 20 нафар боздошт шуда, шуморе аз мусулмонон ҷароҳат бардоштанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва раиси шӯрои мусулмонони Гурҷистон Ҷамол Паксадзе мегӯянд, амали мақомот хилофи ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст. Мусулмонон дар шаҳри Батумӣ-маркази маъмурии ҷумҳурии Аҷористони Гурҷистон низ раҳпаймоиҳои эътирозӣ барпо карданд.

29-уми август баъди тафтиш дар Тбилисӣ манораро ба ноҳияи Самсхети-Ҷавахетӣ интиқол доданд, вале акнун насрониҳои ортокси маҳаллӣ роҳи деҳаи Челаро баста, талаб карданд, ки манораро дар ҷояш барқарор накунанд.
Бар пояи мувофиқати мусулмонону насрониҳои маҳаллӣ феълан манора дар яке аз анборҳои ноҳия мемонад.

Рӯзи душанбе барои аввалин бор сарвазири Гурҷистон дар бораи манора ибрози назар кард. Ба қавли Бидзина Иванишвилӣ манора ғайриқонунӣ бунёд шуда буд, вале дар қазияҳое, ки бо эҳсоси диндорон иртибот доранд, ҳукумат бояд аз эҳтиёт кор гирад.

Дар ҳамин ҳол президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ баркандани манораро амали ғайриқонунӣ ва поймол намудани эҳсоси мусулмонони Гурҷистон номид.
Мусулмонон тахминан даҳ дар сади аҳолии Гурҷистонро ташкил мекунанд. Тибқи саршумори соли 2002-ум дар Гурҷистон шумораи мусулмонон ба 433 784 нафар баробар буд.

Вале раҳбарони ҷамоаи мусулмонони гурҷӣ мегӯянд, ки дар асл шумораи мусулмонони ин кишвар эҳтимол ба 800 ҳазор нафар баробар бошад.

Бузургтарин гурӯҳи мусулмонони Гурҷистон озариҳо мебошанд, ки шумораи онҳо тахминан ба 285 ҳазор нафар баробар буда, онҳо асосан дар се ноҳияи ҷанубу ғарби ин кишвар мустақар мебошанд. Аксари озариҳои Гурҷистон пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, аммо бахше ҳам аз мазҳаби ҳанафии суннӣ пайравӣ мекунад.

Мусулмонони гурҷитабор ба ваҷҳи умум дар вилояти Аҷористони ҳаммарз бо Туркия иқомат доранд. Шумораи онҳо соли 2002-ум ба каме беш аз 115 ҳазор баробар буд. Бар илова дар Гурҷистон мусулмонони чечен-табор ва доғистонӣ ҳам ба сар мебаранд.

Дар солҳои баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Эрону Туркия дар бунёди масҷидҳо ва мадрасаҳои исломии Гурҷистон саҳм гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG