Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷавонони Дания ба иқдоми нашрияҳо


Нахуствазири Дания гуфт, ки бенизомиҳои ҷавонони кишвар, ки беш аз як ҳафта аст, идома дорад, як амали нобахшиданӣ мебошад.

Ин нахустин изҳороти Андерс фог Расмуссен дар робита бо ошӯбҳои идомаёбанда дар кишвараш буд, ки ахиран тавассути телевизиони маҳаллӣ садо дод. Ҳарчанд то ҳанӯз иллати сар задани бесомониҳои ахир дар Дания мушаххас нест, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ҷавонҳои муҳоҷири кишвар бо ин роҳ ба таъқибу фишорҳои полис мухолифат нишон медоданд, ва инчунин, норизоияти худро бо чопи дубораи карикатураҳои Муҳаммад (с) дар як идда нашрияҳои Дания баён карданд.

Рӯзҳои шанбеву якшанбеи гузашта дар Копенҳаген ва шаҳрҳои дигари Дания 30 нафар боздошт шуданд. Полис мегӯяд, ки ин ҷавонҳо мактабҳову мошинҳоро оташ зада, сатилҳои ахлотро дар хиёбонҳо партоб мекарданд.

Баъзе раҳбарони ҷомеаҳои муҳоҷирон мегӯянд, ки мухолифати ҷавонҳо ба чопи дубораи карикатураҳои Муҳаммад (с) дар нашрияҳои Дания боиси тавсеаи домани бенизомиҳо дар манотиқи бештари кишвар мешавад. Нахуствазири Дания гуфт, ки барои бенизомиҳои мазкур ҷавонҳо ва волидони онҳо масъулият доранд.

Ин дар ҳолест, ки Лигаи мусалмонони ҷаҳон, мақарраш дар Макка, аҳли Ислом ва созмонҳои мазҳабиро ба оромӣ даъват кард ва гуфт, ки мусалмонҳо набояд "ба тӯфони вокунишҳои эҳсосотӣ" дода шаванд.

Ҳодисаи нашри карикатураҳои Пайғамбари Ислом дар як идда нашрияҳои Дания ду соли пеш мухолифатҳои шадиди мусалмонҳои ҷаҳонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG