Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Се узви як оила аз заҳролудшавӣ фавтидаанд


Акси Гулчеҳра Одинаева бо духтари ҳаштсолааш - Нисо
Акси Гулчеҳра Одинаева бо духтари ҳаштсолааш - Нисо

Як пизишки тоҷик, ки аз майдонҳои ҷанг дар кишвари арабии Яман худро сиҳату саломат ба Тоҷикистон расонда буд, шаби гузашта бар асари заҳролудшавӣ дар Кӯлоб фавтид.

Гулчеҳра Одинаева - пизишки тоҷик, ки соли гузашта дар пайи ноамниҳои Яман худро сиҳҳату саломат аз ин кишвари арабӣ ба Тоҷикистон расонда буд, шаби 4 январ бар асари заҳролудшавӣ даргузашт. Духтари ҳаштсолаи Одинаева рӯзи гузаштаи 5 январ ва модараш дар таърихи 6 январ низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дунё гузаштаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 6 январ ба Озодӣ гуфт, аммо то ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки ин се узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шудаанд. Ба қавли ӯ, азбаски то ҳоло дар беморхонаи Кӯлоб натавонистаанд сабаби ин ҳолатро мушаххас кунанд, маводи ташхис ба Душанбе оварда мешавад.

"Ба зудтарин фурсат сабабҳои аслии аз чӣ заҳролуд шудани ин хонавода маълум карда хоҳад шуд," - гуфт ӯ.

Гулчеҳра Одинаева аз ин қабл дар кишвари арабии Яман ҳамчун ҳамшираи шафқат кор карда, ба дунболи бад шудани вазъи амниятӣ дар он кишвар соли гузашта ба Тоҷикистон баргаштааст.

Бинои беморхонаи Кӯлоб
Бинои беморхонаи Кӯлоб

Қаблан Амиралӣ Миралиев - сардухтури бемористони минтақавӣ дар Кӯлоб ба Озодӣ гуфта буд, ки иллати марги онҳо баъди ташхиси ҷасади яке аз фавтидагон маълум хоҳад шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷасади Гулчеҳра Одинаева ва Нисоро алакай ба хок супурдаанд.

Миралиев мегӯяд, ки дар маҷмӯъ шаш узви ин оила дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуда, табибон се нафари онҳоро тавассути шустушӯи меъдаашон аз марг наҷот додаанд. Ӯ гуфт, ки "имрӯз як комиссия аз вазорати тандурустӣ омад ва тамоми маҳсулоту ғизои ин хонаводаро санҷиш дорад. Дар натиҷаи санҷиш маълум мешавад, ки вазъи саломати онҳо аз чӣ сабаб бад шудааст."

Ҳоло ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро баъди даргузашти Гулчеҳра Одинаева дар таърихи 4 январ, табибони бемористони Кӯлоб натавонистанд сабаби марги ӯро ташхис диҳанд ва чаро натавонистанд аз марги духтари ӯ дар таърихи 5 январ ва баъдан модари Одинаева рӯзи 6 январ ҷилавгирӣ кунанд? Баъзе намояндагони хонаводаи марҳумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафари баъдӣ аз батаваҷҷуҳии табибон ва сари вақт ташхис нашудани ҷасади аввал ҷон додаанд.

Маҳмадназар Талбаков, сардори беморхонаи касалиҳои сироятии Кӯлоб, гуфт, "дар хона ду дастархон будааст ва онҳо аз ғизои болои он истифода кардаанд. То ҳол дақиқ маълум нест, ки аз чӣ навъ ғизо онҳо заҳролуд шудаанд. Ба беморхонаи мо, инчунин, Рустам Одинаев, Амирхон Одинаев ва Тоҷиннисо Одинаева - аъзои дигари ин хонавода низ оварда шуда, аммо медаи онҳо тоза карда шуд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Ҳамсояҳои Шарифамо Бадарғаева 6 январ дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки аз ҷузъиёти марги се узви хонавода хабар надоранд ва танҳо медонанд, ки ин се нафар рӯзи гузашта дар ҳолати вазнин ба бемористон бурда шудаанд. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, теъдоди зиёди маъмурони пулис ва мақомоти тафтишотӣ низ дар бемористон буданд, аммо то ҳол маълум нест, ки аз рӯи марги ин се нафар парвандаи ҷиноӣ боз мешавад ё хайр. Радиои Озодӣ ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва паёмаду тафсилоти онро ба нашр мерасонад.

Марги мармузи се узви як хонавода дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

XS
SM
MD
LG