Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кару гунгҳо гирдиҳамоӣ мекунанд, агар...


Нишасти хабарии Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон ба таҷаммӯи беш аз 100 тан аз аъзои ин созмон табдил ёфт.

Дар ҷараёни нишасти матбуотии масъулони Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 19-уми июл баргузор шуд, ҳудуди 100 тан аз аъзои ин созмони иҷтимоӣ ҳозир шуданд ва аз Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ талаб карданд, ки ба биное, ки ҳоло ҷамъият дар он қарор дорад, кордор нашавад."

Афроди ҷамъомада гуфтаанд, ки дар сурати ба таври мусбат ҳал нашудани қазияи марбут ба бинои ҷамъият, онҳо даст ба гиридиҳамоӣ хоҳанд зад.

Насим Бойматов, раиси Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо хабарнигорон амалкарди Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ нисбати ҷамъияти ношунавоён, ба хусус маҳрум кардан аз бинои кориро ғайриқонунӣ ва номуносиб уновн кард. Зеро ба таъкиди ҷаноби Бойматов, "солҳо боз ҷамъияти ношунавоён дар ин бино маскун аст ва 70 дарсади корҳои сохтмонии он низ аз ҳисоби ин ҷамъият шудааст."

Насим Бойматов аз он бештар дар ташвиш аст, ки вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ талаб дорад, то Ҷамъияти ношунавоён бинои феълиро тарк кунанд, аммо дар ивази он макони дигареро ба онҳо пешниҳод намекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҷамъияти ношунавоёнро ба Додгоҳи иқтисодӣ кашондааст ва талаб дорад, ки аз бинои ҳозира берун шаванд.

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиноси вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Хушвақтшо Сафаров гуфтааст, ки "талаби аъзои Ҷамъияти ношунавоён мантиқӣ нест. Зеро ин бино давлатӣ аст ва бояд, ки ҷамъият ин ҷоро тарк кунад".

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00
Линки мустақим


Зимнан, бинои сетабақае, ки Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон низ дар маҳаллаи "Профсоюз"-и шаҳри Душанбе мустақар аст, дар соли 1969 сохта шудаст ва аъзои ин ҷамъият солҳо боз дар яке аз табақаҳои ин бино фаъолият доранд.

Дар ҳоле, ки Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон 7,5 ҳазор аъзо дорад, аммо дар кишвар ҳудуди 20 ҳазор афроди ношунаво, яъне кару гунг ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG