Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 200 ангишткан дар Туркия


Бар асари таркиш дар як кони ангишт дар шаҳри Суно дар ғарби Туркия, дасткам 200 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Вазири энержии Туркия бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки садҳо тан ҳамчунон зери овор қарор доранд ва 80 маъданчӣ низ захмӣ шудаанд, ки вазъи 4 тан аз онҳо вазнин аст. Ба гуфтаи вай, амалиёти кӯмак идома дорад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки шумораи кушташудагон афзоиш ёбад.

Дар маҷмуъ, бинобар гузоришҳо 727 ангишкан дар ин маъдан машғули кор будаанд ва шумораи кушташудагони тайи чанд соати ахир афзоиш ёфтааст. Хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, 400 нафар ҳанӯз дар дохили кон ҳастанд.
Вебсайти рӯзномаи "Ҳуррият" чопи Туркия шумораи касоне, ки пас аз таркиш дар дохили кон банд мондаандро аз қавли нерӯҳои кӯмакрасон 200 нафар тахмин задааст.

Як мақоми маҳаллӣ низ ба шабакаи "CNN Turk" гуфтааст, беш аз 70 нафар аз ангиштканон дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд. Рӯзномаи "Ҳуррият" аз қавли раиси пешини Иттиҳодияи маъданчиёни Туркия ҳодисаи рӯзи 13 май дар ин кони хусусиро "бадтарин қатл дар ҷои кор" номидааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ки қарор буд ба Албания сафар кунад, сафари худро қатъ карда ва дар суханони телевизионӣ гуфтааст, амалиёти кӯмак бидуни таъхир пас аз бохабар шудан аз он, оғоз шуд.

Ҳизби аслии мухолиф дар он кишвар дар авохири моҳи апрел (ду ҳафта қабл) дар парлумони он кишвар хостори баррасии вазъияти ҳодисаҳои марбут ба маҳали кор дар Сумо шуда буд. Ҳизби ҳоким ин пешниҳодро радд карда буд.

Фалокатбортарин фоҷиа ба ҳодисаи маъдан дар Туркия тайи солҳои ахир ба соли 1992 боз мегардад, ки дар пайи таркиши газ ҳадди ақал 270 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG