Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Давлати Фаластин бояд бо гуфтугӯ таъсис ёбад, на бо эътирофи якҷониба”


Ҷейк Салливан
Ҷейк Салливан

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфтааст, давлати Фаластин бояд аз роҳи гуфтугӯ таъсис ёбад, на аз тариқи эътирофи якҷониба.

Хабаргузории "Reuters" навишт, изҳороти Байденро Кохи сафед рӯзи чоршанбе баъд аз расонаӣ шудани тасмими Ирландия, Испания ва Норвегия дар бораи эътирофи давлати Фаластин нашр кард.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, Иёлоти Муттаҳида аз тасмими мақомоти се кишвари аврупоӣ дар бораи эътирофи якҷонибаи давлати Фаластин нигарон аст.

Мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан рӯзи сешанбе гуфтааст, ҳар кишвар метавонад дар робита ба эътирофи давлати Фаластин тасмими худро дошта бошад. Вале ба қавли ӯ, гуфтугӯҳои мустақими ҷонибҳо дар ин замина беҳтар буд.

Мақомоти Ирландия, Испания ва Норвегия хабар доданд, ки Фаластинро ҳамчун давлат эътироф мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Исроил Исроил Катс дар вокуниш ба ин хабар дастур дод, ки сафирони кишвараш аз Ирландия ва Норвегия бозхонд шаванд.

Дар ҳоли ҳозир аз миёни кишварҳои аврупоӣ Булғористон, Маҷористон, Қибрис, Малта, Лаҳистон, Руминия, Словакия, Чехия ва Шветсария истиқлоли Фаластинро эътироф кардаанд.

Истиқлоли Фаластинро аз миёни 193 кишвари узви СММ то ҳол ҷамъан 143 давлат эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG