Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Хиросима сафар кард

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games», ки рӯзҳои 18- 24-уми феврал дар Хиросима доир мегардад, дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Ҷопон, Тоҷикистон, тими музофоти Хиросима (U-18) ва Академияи «Санфречче Хиросима» (U-18) ширкат меварзанд. Мусобиқа аз як марҳила иборат буда, дастаҳо бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳанд.

Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирок дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат хоҳанд кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов дар бораи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 гуфт, “мо омӯзиши рақибони худро оғоз кардаем. То Ҷоми Осиё-2026 се моҳ боқӣ мондааст, мо бояд ба мусобиқа мақсаднок омодагӣ дида, бо тимҳое, ки услуби бозии онҳо ба рақибони гурӯҳи мо монанд аст, бозиҳои дӯстона анҷом диҳем. Масъулиятро дарк мекунем ва ба кори ҷиддӣ омодаем. Муҳим аст, ки ба мусобиқа то ҳадди имкон бо омодагии хуб равем – ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ. Ҳадафи мо ҳадди ақал аз гурӯҳ баромадан ва роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2026 аст.»

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Тайланд, Мянмар

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Индонезия, Чин, Қатар

Гурӯҳи «C»: Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Австралия, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ

Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони 1/4 финал ба мусобиқаи қаҳрамонии наврасони ҷаҳон-2026, ки моҳи ноябр дар Қатар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG