Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ҷопон ва Чин ба финали Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Чин ба финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 23-сола, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқа, ки рӯзи 20-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи "King Abdullah Sports City Hall Stadium" доир гардид, нахуст дастаҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат карданд.

Ҷопониҳо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро Кайто Коидзуми дар дақиқаи 36-ум зад. Мунтахаби Ҷопон ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфта, дилпурона ба ҳимояи унвони қаҳрамонии худ, ки ду сол пеш дар Қатар ба даст оварда буд, талош мекунад.

Бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои Чин ва Ветнам, ки дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium"-и Ҷидда баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони ҷавони Чин анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Ҷидда рӯзи шанбеи 24-уми январ баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ҷопон ва Чин барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ бошанд, дар Ҷидда рӯзи ҷумъаи 23-юми январ барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Леван Хомерики, мутахассиси гурҷӣ, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ширкат дошт. Бозиҳои гурӯҳи “К” бо иштироки тимҳои олимпии Тоҷикистон, Непал, Филиппин ва Сурия аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз тимҳои Филиппин ва Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд.

Дар ҷадвали гурӯҳи “К” тими мунтахаби ҷавонони Сурия бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Филиппин бо 6 имтиёз дуюм, Тоҷикистон бо 3 имтиёз сеюм ва Непал бидуни имтиёз чаҳорум шуданд.

Футболбозони ҷавони тоҷик аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола 34 даста ширкат карда, дар 11 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4-дастаӣ) мубориза бурданд. Ғолибони гурӯҳҳо, инчунин чаҳор тими натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) роҳ ёфтанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Қирғизистон ва Узбекистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифта буданд. Қирғизҳо дар даври 1/8-ниҳоӣ аз мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Узбекистониҳо бошанд, дар ҳаштякфинал мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд, аммо дар ин давр бозиро ба мунтахаби Чин бохтанд. Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯйи силсилаи пеналти футболбозони ҷавони Чин бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ пайдо карданд.

Ҷоми Осиё (U-23), нимфинал, 20-уми январ:

Ҷопон – Кореяи Ҷанубӣ - 1:0

Гол: Кайто Коидзуми, 36.

Сардовар - Абдулраҳмон Ал-Маррӣ (Қатар).

Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium».

Чин - Ветнам - 3:0

Голҳо: Пэн Сяо, 47, Сян Юванг, 52, Ванг Юдонг, 90+8.

Корти сурх: Фам Ли Дик, 74 (Ветнам).

Сардовар - Алекс Кинг (Австралия).

Ҷидда, варзишгоҳи «Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium».

Бозӣ барои ҷойи сеюм, 23-юми январ:

Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ

Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium», 20:00

(бо вақти Душанбе).

Финал, 24-уми январ:

Ҷопон - Чин

Ҷидда, варзишгоҳи «Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium», 20:00 (бо вақти Душанбе).

XS
SM
MD
LG