Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Юрий Поносов, собиқ раиси шаҳри Душанбе - расонаҳо


Акс аз вебсайти "Азия Плюс" гирифта шудааст
Акс аз вебсайти "Азия Плюс" гирифта шудааст

Дар Маскав дар синни 83-солагӣ собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов даргузашт.

Хабаргузории русии Регнум гуфт, дар бораи марги Поносов дар таърихи 20-уми апрел як манбааш дар рӯзи 26 апрел хабар дод.

Юрий Поносов дар вазифаҳои муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва дигар мақомҳои баландрутбаи ҳукумати ҷумҳурӣ кор кардааст. Регнум навиштааст, ки Поносов дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба бемористон даргузашт. "Сабаби марги ӯ, норасоии кори дилу рагҳо аст", навиштааст манбаъ.

Юрий Поносов як ходими собиқадори ҳизбиву давлатии Тоҷикистон буд ва дар солҳои истиқлолият ҳам дар мақоми вазири сохтмони Тоҷикистон, раиси ҳукумати шаҳри Душанбе ва муовини аввали нахуствазири кишвар кор кардааст. Ба навиштаи "Азия-Плюс", соли 1998 ба Маскав кӯчид ва дар он ҷо сардори шӯъбаи корҳои Кумитаи давлатии сохтмони Русия шуд.

XS
SM
MD
LG