Гурӯҳи “KAZ Minerals”, ки шахтаи Иртишро дар Қазоқистон идора мекунад, гуфтааст, “бино ба маълумоти пешакӣ, кормандон аз газ заҳролуд шуданд”.
“Барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса кумисюни махсус ташкил шудааст. Раиси Шӯрои мудирони Гурӯҳи “KAZ Minerals” Олег Новачук ба шахтаи Иртиш рафтааст”, - гуфта шудааст дар иттилоияи “KAZ Minerals”.
Новачук ба воситаи ширкати “Nova Resources B.V” беш аз 36 дарсади саҳмияҳои “KAZ Minerals Ltd”-ро дар ихтиёр дорад.