Бо идомаи пешравии нерӯҳои Украина дар вилояти Курски Русия мақомоти ин кишвар дар вилояти ҳамсояи Белгород вазъи фавқулода эълон кардаанд.
Вячеслав Гладков, раиси вилояти Белгород рӯзи 14-уми август дар Телеграм навишт, ки авзоъ дар Белгород “фалокатомез душвор ва пуршиддат боқӣ мемонад.”
Ба қавли ӯ, нерӯҳои Украина ҳаррӯз ба вилоят ҳамла мекунанд ва хонаҳо вайрон шудаву ғайринизомиён захм бардоштаанд. Пештар аз ин мақомоти Белгород эълон карданд, ки ҳазорон нафарро аз ин вилоят ба ҷойи амн кӯч медиҳанд.
Айни замон Вазорати дифои Русия рӯзи 14-уми август гуфт, ки 27 дрон ва ё паҳподҳои Украинаро дар фазои вилояти Воронеж чандсад километр дуртар аз шаҳри Маскав нобуд кардаанд.
Ба қавли раиси вилояти Воронеж, дар натиҷаи ҳамлаҳои Украина чанд хонаи истиқоматӣ осеб дида, вале касе талаф наёфтааст.
Украина 6-уми август ба вилояти Курски Русия ҳамла кард ва мегӯяд, беш аз 1000 километри мураббаи ин кишварро таҳти назорат даровардааст.