Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз шуд


1-уми сентябр 250 ҳазор хонанда бори аввал ба мактаб рафтанд
1-уми сентябр 250 ҳазор хонанда бори аввал ба мактаб рафтанд

Якуми сентябр бо вуҷуди он ки ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост омад, дар мактабҳои Тоҷикистон дарс оғоз шуд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки 1-уми сентябр дар тамоми мактабҳои кишвар дарсҳо тибқи ҷадвал оғоз мешавад.

Ҳарчанд мақомот мегӯянд, шароити таҳсил дар кишвар беҳтар шудааст, аммо баъзе омӯзгорони донишгоҳҳо аз сатҳи пасти дониши донишҷӯён шикоят мекунанд, ки дар мактаби миёна донишҳои лозимиро нагирифтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар зиёда аз чор ҳазор муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунанд. Имсол 250 ҳазор ба синфи якум рафтаанд.

XS
SM
MD
LG