Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сӯх чӣ мегузарад? Боздоштҳои паёпай баъди се моҳи муноқиша


Ноҳияи Сӯх

Зидди панҷ сокини ноҳияи Сӯх бо гумони иштирок дар низои байни деҳаҳои наздимарзии Узбекистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Муноқиша рӯзи 31-уми май сар зада буд. Ба қавли сухангӯйи ҳукумати вилояти Фарғона, Муҳаммадҷон Обидов, гумонбарон дар ҷараёни тафтишот дар ҳабс мемонанд.

Сокинони ноҳияи Сӯх гуфтанд, мақомот рӯзҳои 22, 23 ва 24-уми август дар чанд деҳаи ноҳия, дар маҷмуъ, 12 касро дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "Дадахон Ҳайдаровро, ки блогер аст ва дар Ютуб канали худро дорад, рӯзи 22-юми август аз хонааш бурданд. Вай ҳангоми вохӯрӣ бо сарвазир Абдулло Орифов назарашро дар бораи муноқиша баён карда буд. Ҷавонҳои моро яке пайи дигар мебаранд ва боздоштҳо мардумро ба таҳлука андохтааст."

Вай афзуд, наздикони Дадахон Ҳайдаров як дафъа бо ӯ телефонӣ суҳбат карданд, аммо ҷавон натавонистааст дар бораи вазъаш маълумоти пурра диҳад. Ба бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳам муяссар нашудааст, ки дар бораи боздошти блогер Дадахон Ҳайдаров шарҳи идораи умури дохилии ноҳияи Сӯх ва раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғонаро бигирад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, яке дигар аз фаъолони ноҳияи Сӯх Назирҷон Ҷӯраев низ дастгир шудааст. Сокинон мегӯянд, наздикони боздоштшудаҳо дар бораи ҷойи нигаҳдории онҳо чизе намедонанд.

Боздоштшудаҳоро ба иштирок дар бетартибиҳои оммавии рӯзи 31-уми май айбдор мекунанд. Аммо ба иттилои дарёфтии бахши узбекии Радиои Озодӣ онҳоро ба муқобилат нишон додан ва истифодаи хушунат алайҳи намояндаи ҳукумат – раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев – айбдор мекунанд.

Нисбат ба бештари боздоштшудаҳо бар асоси моддаи "Бетартибиҳои оммавӣ" парванда боз шудааст. Мақомоти додситонӣ ва додгоҳии ноҳияи Сӯх боздошт ва боз шудани парвандаро нисбат ба чанде аз сокинон тасдиқ карданд.

Муҳаммадҷон Обидов, сухангӯйи ҳукумати вилояти Фарғона гуфт, онҳо барои иштирок дар бетартибҳо дар марзи Узбекистону Қирғизистон гунаҳкор мешаванд.

"Дирӯз сокинони Сӯх додситон, сардори раёсати умури дохилии вилоят ва раҳбарияти хадамоти амнияти давлатиро даъват карданд. Онҳо ба мардум вазъиятро пурра шарҳ доданд. Танҳо зидди панҷ кас парванда кушодаанд ва онҳо дар боздоштанд", -- шарҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар бораи боздошти сокини 23-солаи Сӯх Давлатҷон Маллаев хабар дода буд. Ӯро ба истифода аз хушунат ба зидди раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев муттаҳам кардаанд. Мурофиаи Маллаев рӯзи 11-уми август паси дарҳои баста дар додгоҳи шаҳри Фарғона баргузор шуд.

Дар хулосаи додгоҳ гуфта шудааст, ин сокини Сӯх дар "бетартибиҳои оммавӣ фаъолона иштирок кард", "ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон дод" ва "бо ҳаво санг ба онҳо ва мошинҳояшон зарар расонд". Аммо чаро Маллаев ва сокинони дигари Сӯх пас аз се моҳи муноқиша дар марз бо Қирғизистон дастгир шудаанд, ҳанӯз маълум нест.

Ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст. Дар ин ҷазирақаламрав тоҷикон зиндагӣ доранд. 31-уми майи имсол миёни сокинони деҳаи "Чашма"-и Узбекистон ва "Чечме"-и Қирғизистон низоъ бархост. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин низоъ садҳо сокини маҳаллӣ ширкат варзидааед, аммо шоҳидон мегӯянд, шумори ширкатдорони низоъ ба наздики чаҳор ҳазор кас мерасид.

Шуҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона, барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса рафта буд, вале сокинонро таҳдид кард, ки рафтуомадашонро ба қаламрави Узбекистон қатъ мекунад. Баъди ин изҳорот сокинон ба сӯйи Ғаниев санг ҳаво доданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон баъд аз муноқиша 187 нафар бо захмҳои гуногун ба шифохонаи ноҳияи Сӯх рафтаанд. Се нафари онҳо аз силоҳи шикорӣ маҷруҳ шуда буданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар муноқиша 25 сокини ин кишвар захмӣ ва чаҳор кас дар ҳолати вазнин ба бемористон бурда шудаанд.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Сӯх ваъда дода буд, ки зидди иштирокдорони низоъ иқдоме гирифта намешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG