Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 26 кас барои тундгароӣ зиндонӣ шудааст


Қосимҷомарт Тоқаев ва Ермек Сагимбоев
Қосимҷомарт Тоқаев ва Ермек Сагимбоев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 29-уми май раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Ермек Сагимбоевро ба ҳузур пазируфтааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон иттилоъ дод, ки Сагимбоев дар бораи кори хадамоти махсуси ин кишвар дар 5 моҳи соли 2024 ба президент гузориш дод.

Ба гуфтаи Ермек Сагимбоев, маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз аввали сол то ба ҳол аз ду ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардаанд. Аз ҷумла, яке аз ҳамлаҳо дар берун аз Қазоқистон якҷоя бо шарикони хориҷӣ пешгирӣ шудааст.

Додгоҳҳои Қазоқистон 26 касро ба ифротгароӣ ба зиндон маҳкум карда, ба зидди 22 тани дигар тафтишот идома дорад.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, 139 шаҳрванди хориҷиро ба кишвар роҳ надоданд ва 280 тани дигарро ба далели доштани "назарҳои ифротӣ" ронданд.

XS
SM
MD
LG