Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Каронаи Бохтарӣ се исроилӣ кушта шудааст


Пулиси Исроил дар Каронаи Бохтарӣ
Пулиси Исроил дар Каронаи Бохтарӣ

Як марди ношинос дар Каронаи Бохтарӣ, дар марзи Урдун се исроилиро куштааст.

Каронаи Бохтарӣ, бузургтарин минтақаи сукунати фаластиниён аст, ки аз ҷониби Исроил ишғол шудааст.

Дар ин минтақа, ки аз Ғазза ҷудо аст, зуд-зуд миёни низомиёни исроилӣ ва фаластиниён задухӯрд сурат мегирад.

Ҳамлагар, ки ҳанӯз шахсияташ маълум нашудааст, аз ҷониби низомиёни исроилӣ кушта шудааст.

Расонаҳои Исроил навиштанд, ки кушташудаҳо мардони аз 50 сола боло будаанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки ҳамлагар бо мошини боркаш марзи Урдун бо Каронаи Бохтариро убур карда, аз мошин поён шуд ва ба исроилиҳо ҳамла кард.

Шоҳигарии Урдун бо Исроил муносибати хуб дорад, вале коршиносон мегӯянд, чанд вақти ахир дар ин кишвар тарафдорони ҲАМОС, созмони террористӣ дар ИМА ва Аврупо, афзоиш ёфтааст.

Исроилиҳо дар Каронаи Бохтарӣ бо вуҷуди танқидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ худсарона шаҳрак месозанд ва фаластиниёнро аз хонаҳояшон пеш мекунанд. Ин кори исроилиҳо хашми мардуми маҳаллиро ба бор овардааст ва нооромиҳо дар ин минтақа бештар шудааст.

Аз ин пеш низ, ҲАМОС эълон кард, ки дар муқобили Исроил аз ҳамлаи маргталабона кор мегиранд.

XS
SM
MD
LG