Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Ҷоми рушд-2026" Беларус ғолиб, Тоҷикистон панҷум шуд

Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Беларус дар мусобиқаи байнулмилалии "Ҷоми рушд-2026", ки рӯзҳои 19-23-юми феврал дар шаҳри Минск доир гардид, ғолиб шуд.

Ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ дар толори варзишии Минск бо иштироки ҳашт даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус (U-17), Минск (U-17), Қазоқистон (U-17) ва Тоҷикистон (U-16) дохил буданд.

Дар гурӯҳи «В » дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) рақобат карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар даври аввал аз дастаи наврасони то 17-солаи Беларус бо ҳисоби 1:6 мағлуб шуд. Дар рақобати дуюм наврасони тоҷик мунтахаби Минск (U-17)-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Тоҷикистон аз тими наврасони то 17-солаи Қазоқистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар гурӯҳи “А” бо се имтиёз мақоми сеюмро касб намуд.

Ғолибони гурӯҳҳо – дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус ва Русия - ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд. Бозии ниҳоӣ, ки шаби душанбеи 23-юми феврал дар Минск баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони Беларус (U-17) бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро гирифтанд, Қазоқистон (U-17) ва Узбекистон (U-17), барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони навраси узбек бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.

Бозӣ барои ҷойи 5-ум байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ва Озарбойҷон (-17) барпо гардид. Дар ин дидор наврасони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар бозӣ барои ҷойи 7-ум дастаи мунтахаби Беларус (U-16) бар тими мунтахаби Минск (U-17) бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд” дар Минск бори 22-юм сурат гирифт. Дар ин мусобиқа футболбозони навраси ҳафт кишвар - Русия (7 бор), Беларус (6), Украина (4), Белгия (2), инчунин Исроил, Сербия ва Тоҷикистон якборӣ ғолиб шудаанд.

Мусобиқаи байнумилалии “Ҷоми рушд-2026”

23-юми феврал (душанбе)

Бозӣ барои ҷойи 7-ум – Беларус (U-16) – Мунтахаби Минск (U-17) –3:0 (Голҳо: 1:0 – Сигневич (12), 2:0 – Шумилов (31), 3:0 – Осипенко (51).

Бозӣ барои ҷойи 5-ум – Тоҷикистон (U-16) - Озарбойҷон (U-17) – 1:0 (Гол: Раҷабзод, (2).

Бозӣ барои ҷойи 3-юм – Қазоқистон (U-17) - Узбекистон (U-17) - 2:3. (Голҳо: 1:0 — Акимов (24), 2:0 — Болтабоев (42), 2:1 — Болтабоев (54, ба дарвозаи худ), 2:2 — Эркинов (79), 2:3 — Эшпулотов (80+2).

Финал - Беларус (U-17) - Русия (U-17) – 2:0

(Голҳо: 1:0 – Панченко, (45 - ба дарвозаи худ), 2:0 – Леоненко, (65).

XS
SM
MD
LG