Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрди 2 трамвай дар Кемерово беш аз 100 кас осеб дидааст


Бархӯрди ду трамвай дар Кемерово.
Бархӯрди ду трамвай дар Кемерово.

Дар натиҷаи бархӯрди ду трамвай дар шаҳри Кемеровои Русия дасти кам 102 кас осеб дидааст. Дар миёни онҳо кудакон низ ҳастанд.

Ёвари вазири тандурустии Русия Алексей Кузнетсов гуфт, 78 тан аз осебдидаҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Қаблан шаҳрдори Кемерово Дмитрий Анисимов хабар дода буд, ки яке аз осебдидаҳо дар бемористон ҷон бохта, вазъи се тани дигар вазнин гуфта мешавад.

Мақомоти шаҳр масири ҳаракати трамвайҳои №3 ва №10-ро тағйир дода, истифода аз онҳоро ройгон кардаанд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар маҳалли ҳодиса автобусҳои ройгон хидмат мерасонанд.

Ҳодиса субҳи 6 июн рух дода, бино ба фарзияи пешакӣ, "тормоз"-и яке аз трамвайҳо аз кор мондааст.

Дар "Инсидент Кузбасс" суханҳои корманди яке аз корхонаҳои трамвайи Кемерово нашр шудааст. Ӯ дар ин навор мегӯяд, ронандаи трамвай субҳ мушоҳида карда буд, ки "тормоз"-и он кор намекунад, вале бо вуҷуд ӯро сафарбар карданд.

Дар ширкати нақлиёти барқии Кемерово хабарро "дуруғ" номиданд. Масъулони ширкат гуфтанд, трамвай 2 июни имсол аз санҷиши техникӣ гузашта буд.

XS
SM
MD
LG