Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 20 зану кӯдак дар рӯдхонаи маҳаллӣ ғарқ шуданд


Аксе аз бойгонӣ
Аксе аз бойгонӣ

Як мақоми Толибон дар Афғонистон гуфт, ки рӯзи 1 июн дар шарқи Афғонистон як қаиқе бо 20 мусофираш дар дарё ғарқ шуд.

Қурайшӣ Бадлон, як мақоми маъмурияти вилояти Нангарҳор гуфт, ки қаиқе дар рудхонаи маҳаллии ноҳияи Моҳманддара ба об рафт ва аксар нишастагони он, асосан занону кӯдакон ҷон доданд.

Ба гуфтаи Бадлон, дар умум дар дохили қаиқ 25 нафар буд ва панҷ нафари дигар ҷон ба саломат бурдааст.

Ба иттилои мақомоти беҳдоштии маҳаллӣ, то ҳол фақат ҷасади панҷ нафар, аз ҷумла, як мард, як зан, ду писару як духтарбача пайдову ба соҳил интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG