Шомгоҳи рӯзи 27-уми март дар варзишгоҳи "Лужники"-и шаҳри Маска ҷашни хуби наврӯзии тоҷикон ва барномаи ҳунарии Далер Назаров ҳамроҳ бо Парвиз, Ситора ва Аброр Назаровҳо оғоз шуд. Ба ғайр аз ҳунарнамоии хонаводаи Назаровҳо, дар ҷараёни барнома чанд намоишномае ҳам ба саҳна гузошта мешавад, ки аз ҷониби созмони фарҳангии "Нур" таҳия шудааст.
Пахши мустақими барномаи наврӯзӣ аз варзишгоҳ ё наврӯзгоҳи Лужники аз ҷониби вебсайти созмони "Нур" таъмин шудааст. Ин барнома соати 17:00 ба вақти Маскав ва 19:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз шуд. Созмони "Нур" барои Радиои Озодӣ имкони пахши мустақими ин барномаро фароҳам овардааст.
Дар оғози ин барнома, паёми наврӯзии Шоҳзода Оғохони IV , раҳбари исмоилиён ҷаҳон қироат шуд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов ва раҳбари созмони фарҳангии “Нур” низ ҳозиронро ба муносибати Наврӯз табрик гуфтанд.
Парвиз Назаров, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад, гуфт, барои ӯ ин як рухдоди муҳими фарҳангӣ хоҳад буд: "Дар барнома сурудҳои беҳтарини Далер Назаров садо медиҳанд. Ӯ чанд таронаи нави худро муаррифӣ карда, баъзе сурудҳои кӯҳнаашро бо шеваи нав тақдим хоҳад кард."Русия, ки баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба макони аслии кор ва зиндагии беш аз як миллион аҳолии кишвар табдил шудааст, инчунин, ҳар сол шоҳиди ҷашнҳои хуби наврӯзии тоҷикон мешавад. Барои нахустин бор дар чаҳорчӯби ин барнома овозхонҳои маъруф - Далер, Парвиз, Ситора ва Аброр Назаровҳо дар як саҳна ҷамъ омада, хотири тоҷикони Маскавро шод мекунанд.
Парвиз мегӯяд, ки дар барномаи наврӯзии "Лужники" Ситора Назарова ҳам чанд таронаи навашро тақдим мекунад. "Ман низ чанд суруди шинохташудаамро иҷро мекунам. Чанд суруди дигарамро, ки ба забони русӣ иҷро шудаанд, тақдим менамоям. Чунки онҷо русҳои аз Тоҷикистон ё Қазоқистон рафта ҳам меоянд. Мо чанд таронаро дар дуэт бо Аброр ва ҳамчунин бо Ситора иҷро мекунем. Худи консерт бо таронаҳои албоми охирини "Макидома" ифтитоҳ мешавад."
Бино ба гуфтаи Парвиз Назаров, Далер Назаров тахминан як соат, худи ӯ 40 дақиқа ва Ситора ҳудуди ним соат овозхонӣ хоҳанд кард. Дар консерти аввалаи наврӯзии варзишгоҳи "Лужники" соли гузашта ҳазорҳо нафар, аксарият шаҳрвандони тоҷики муқими Маскав иштирок карданд.