Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли "Гузоришгарони Бидуни Марз" даргузашт


Кристоф Делуар
Кристоф Делуар

Кристоф Делуар, ки дувоздаҳ соли охир дабири кулли созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" (Reporters Sans Frontieres) буд, рӯзи 8-уми июн дар Порис (Париж) даргузашт.

Ӯ 53 сол дошт.

Делуар корро ба ҳайси рӯзноманигори бахши сиёсат ва таҳқиқоти нашрияи "Le Point" оғоз кардааст. Сипас муҳаррири нашриёти "Фламмарион" шуд.

Дар соли 2012 ба раёсати "Гузоришгарони Бидуни Марз" расид. Созмоне, ки бо сензура дар ҷаҳон дар набард аст ва барои рушди озодии матбуот талош мекунад.

Таҳти роҳбарии Кристоф Делуар созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" намояндагиҳои худро дар Лондон, Рио-де-Жанейро, Тайбей ва Дакар боз кард. Ҳоло ин созмон дар саросари ҷаҳон 13 дафтар ва дар 130 кишвар хабарнигору намоянда дорад.

"Гузоришгарони Бидуни Марз" пайваста вазъи озодии матбуоту хабарнигоронро дар Тоҷикистон низ арзёбӣ мекунад.

Ин созмон моҳи майи имсол Тоҷикистонро дар шохис ё индекси озодии баён дар миёни 180 давлат дар ҷойгоҳи 155-ум қарор дод ва ибрози ташвиш кард, ки "тамоюли саркӯбгарӣ дар Тоҷикистон бадтар мешавад".

XS
SM
MD
LG