Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Веломарафон ва дави миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ


Рӯзи 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар веломарафон ва дави миллӣ, ки дар масири хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – аз чорроҳаи назди Боғи "Хайём” (гардиши "Товус”) то “Наврӯзгоҳ” - дар масофаи 3,5 километр сурат гирифт, беш аз 10 ҳазор нафар донишҷӯёну сокинони Душанбе ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки варзишгаронро парчамбардорони кишвар меноманд. Зеро маҳз ба ифтихори пирӯзии варзишгарон дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ парчами давлатии кишвар барафрохта мешавад.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 таҷлил мешавад. Ба унвони як рамзи муҳими давлати Тоҷикистон, парчам 25 соли пеш дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Шаш сол пеш Тоҷикистон бо бунёди сутуни 165-метрии парчами миллӣ дар маркази Душанбе ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуда буд. Ҳарчанд баъди ду сол Арабистони Саудӣ бо насби сутуни парчами 171-метрӣ аз Тоҷикистон пеш гузашт, мақомоти Тоҷикистон ин миларо ифтихори давлати худ мешуморанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG