Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи гумрук барои вуруди мошинҳои то 15 феврал ба Тоҷикистон расида. ВИДЕО


Хадамоти гумруки Тоҷикистон воридоти мошинҳои кӯҳнаро, ки то таърихи 15 феврал ба кишвар ворид шудаанд, иҷозаи вуруд додааст.

Ин тасмим рӯзи 6 август дар як ҷаласа бо ширкати раиси Хадамоти гумуруки Тоҷикистон гирифта шуд. Тоҷикистон шуруъ аз 15 феврали соли равон воридоти мошинҳои истеҳсолашон куҳанатар аз соли 2005-ро манъ карда буд.

Аз эълони манъи воридоти мошинҳои кӯҳна то ба иҷро даромадани ин қарор ҳамагӣ ду ҳафта гузашт, вале бисёр тоҷирони мошин аз ин тасмим дер огоҳ шуданд. Бисёр мошинфурӯшон замоне аз тағйир дар қарори Хадамоти гумрук огоҳӣ пайдо карданд, ки мошинҳои харидаашон дар Аврупо дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон қарор дошт. Дар натиҷа, беш аз 1300 мошини истеҳсолашон то соли 2005 дар истгоҳи гумрукии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳаминак 5 моҳ аст, ки дармондааст. Ин ҳолат ҳам барои тоҷирони мошин ва ҳам харидороне, ки ба умеди ин мошинҳои аз назари арзиш дастрасӣ буданд, мушкилот ворид кард.

Дар ин миён мошинҳое ҳам буданд, ки то таърихи 15 феврал вориди Тоҷикистон шуданд, аммо соҳибонашон барои аз расмияти гумрукӣ гузаронидани мошинҳо фурсат наёфтанд.

Инак хадамот иҷозат додааст ҳамон мошинҳое, ки то 15- уми феврал ба гузургоҳи гумрукии Тоҷикистон омада буданд, ба қаламрави кишвар ворид шаванд.

Мақомот ба вуруди шуморе аз мошинҳои дар гумрук бандмонда иҷозат додаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG