Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мояи ғурури раҳбарони Осиёи Марказӣ


Чойхонаи шаҳри Душанбе
Чойхонаи шаҳри Душанбе

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон саъй дорад бо бунёди бузургтарин чойхонаи рӯи олам рекорд гузорад, ҳамсоя-кишварҳои Туркманистону Қазоқистон ҳам ақиб монданӣ нестанд.

Осиёи Марказӣ на танҳо бо ёдгориҳои бостонии ин гӯшаи олам, балки бо сохтмону иншооти муосир низ вирди забонҳо шудааст.

Раҳбарони худкомаи минтақа бо ҳадафи таҳкими кеши шахсияташон кӯшиш доранд, ҳар гуна лоиҳаҳои серхароҷот ва баъзан начандон қобил фаҳмро амалӣ намоянд:

1) Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар Душанбе бузургтарин чойхонаи рӯи оламро бунёд намояд.

Сомонаи интернетии Eurasianet, ки акси ин чойхонаро гирифтааст, мегӯяд, қимати он ба 60 миллион доллар ва ё 1 дар сади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон баробар аст. Ин ҷойхона ба навиштаи Eurasianet то рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, ба истифода супурда хоҳад шуд.
Чойхонаи шаҳри Душанбе
Чойхонаи шаҳри Душанбе











2) Вақте сухан аз кеши шахсият меравад, шояд дар Осиёи Марказӣ касе ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробар набошад.

Акси ӯ дар биноҳои бузург, деворҳо, мактабҳо ва ҳар ҷои дигар ин кишвар ба назар мерасад.

Президенти Туркманистон, ки бо лақаби Аркадаг ё худ Ҳомӣ маъруф аст, аз мармари сафед ҳайкали худро бунёд кардааст, ки савори аспи машҳури ахалтекӣ мебошад.

Ҳайкали мармарии президенти Туркманистон
Ҳайкали мармарии президенти Туркманистон











3) Бунёди китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,ки бар пояи иттилои мансабдорони тоҷик 40 миллион доллар харҷ дошт, бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Бино тирамоҳи соли 2012-ум ба истифода супурда шуд, вале мақомот танҳо чоряки рафҳои онро бо китоб пур карданду халос.

Сипас маъмурияти китобхона аз шаҳрвандон хост, ки китобҳояшонро ба китобхонаи миллӣ тӯҳфа кунанд. Дар баробари ин китобхона 170 компютер дораду муштариён метавонанд китобҳои заруриро дар шакли электронӣ қироат кунанд.


4) Президенти пештараи Туркманистон Сапармурод Ниёзов муҷассамаи 12-метраи худашро тавре бунёд карда буд, ки он рӯзи дароз дар чархиш бошаду шӯои офтоб доимо ба рӯи он занад. Дар соли 2010 ин муҷассамаи тилоӣ аз рӯи бурҷи 75 метраи маркази шаҳр берун бароварда шуда, соли 2011-ум дар яке аз канораҳои пойтахти Туркманистон дар муҷтамаи бетарафии ин кишвар аз нав қомат афрохт.

Муҷассамаи Сапармурод Ниёзов дар пойтахти Туркманистон ( моҳи майи соли 2012)
Муҷассамаи Сапармурод Ниёзов дар пойтахти Туркманистон ( моҳи майи соли 2012)












5) Парчами 165-метраи Душанбе баландтарин парчами рӯи олам буда, дар китоби рекордҳои Гиннес номнавис шудааст.



6) Туйхона ва ё Кохи арӯсии пойтахти Туркманистон, ки “Туй Макони” ном дорад, хеле пурдабдаба асту домоду арӯс баъди ақди никоҳ бояд дар зери акси Бердимуҳаммадов сурат гиранд. Ҳарчанд ки издивоҳ дар Туркманистон осон нест. Тақозои мақомот хеде зиёд буда, домоду арӯс бояд дар ин рӯз дарахт шинонанд ва аз муҷассамаи қурбониҳои зилзилаи Ашқобод боздид ба амал оранд.

Кохи арӯсии пойтахти Туркманистон
Кохи арӯсии пойтахти Туркманистон









7) Изи дасти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ҳам метавон дар ин рӯйхат ҷой дод. Дар Қазоқистон ба шарофати президенти аввали ин кишвар ду муҷассама ва як музей бунёд шудааст. Бар илова як донишгоҳҳам ба номи Нурсултон Назарбоев мебошад. Дар Қазоқистон изи дасти президент назарбоев дар бурҷи 97 метраи Бойтерек макони зиёрати бисёриҳо шудааст.

Изи дасти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бурҷи 97 метраи Бойтерек
Изи дасти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бурҷи 97 метраи Бойтерек











8) Кохи миллати шаҳри Душанбе бо 64 сутунаш як бинои неоклассикӣ унвон гирифтааст. Кох, ки бар ивази 300 миллион доллар сохта шудааст, дар оғӯши гулгашту боғҳо ҷойгир мебошад.
Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе
Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG