Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа гуфт, нерӯҳои СПАД дар 3 рӯз ба ёрии Тоҷикистон мерасанд


Николай Бордюжа
Николай Бордюжа

Николай Бордюжа -- дабири кулли СПАД гуфт, дар сурати зарурӣ кишварҳои узви ин созмон нерӯҳояшонро дар се рӯз то марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳанд расонд.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, дар сурати сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кишварҳои узв дар муҳлати се рӯз нерӯҳои худро ба ёрӣ хоҳанд фиристод. Вай дар нишасти хабарии 13 март дар Душанбе гуфт, нерӯҳои кишварҳои СПАД барои баргардондани ҳама гуна ҳамлаҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд.

Ӯ гуфт, Русия қасди таъсиси фронти 2-юм дар Тоҷикистонро надорад, аммо набояд гузошт, то суботу амният дар кишварҳои узви СПАД зери суол равад. Бордюжа бо таваҷҷӯҳ ба вазъ дар Афғонистон таъмини суботу амният дар кишварҳои узви СПАД-ро зарур хонд ва таъкид кард, ин созмон собит кардааст, таҷрибаи лозим барои муқобила бо ҳар гуна нооромиро дорад.

Николай Бордюжа дар мавриди изҳороташ дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ, ки дар Бишкек баён кард, гуфт, "ин изҳорот дар Маскав буд, на дар Бишкек ва ман ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ таъкид кардам."

Нишасти хабарии Николай Бордюжа дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Вай гуфт, нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар афкори умум бориз аст, вале набояд аз нерӯи созмонҳои ғайридавлатӣ барои ноором кардани ҷомеа истифода кард. Чун ба таъкиди Николай Бордюжа “мо дар Украина мушоҳида кардем, ки созмонҳои ғайридавлатӣ аз хориҷ, ба хусус Амрико ҳимояти молӣ шуданд ва дидем, ки чӣ вазъеро ба бор оварданд.”

Ин сӯҳбати Бордюжа бо хабарнигорон баъд аз мулоқоташ бо мақомоти интизомӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт. Ӯ гуфт, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими раёсати кишвар дар СПАД дар соли ҷорӣ ва, ҳамин тавр масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа, ба хусус Афғонистон ва кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Қарор аст, соли ҷорӣ дар чорчӯби СПАД, нишасти шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаи шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар моҳҳои апрел ва май дар шаҳри Душанбе, баргузор шаванд. Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷузъ Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.

XS
SM
MD
LG