Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватанпарастӣ як чиз, ҷанг комилан чизи дигар будааст


Дар ҳоле, ки манотқи шарқии Украина дар оташи ҷанг месӯзад, мардуми манотиқи ғарбии ин кишвар, ки дар саргаҳи ҷунбиши зидди ҳукумати Янукович қарор доштанд, дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳузури камранг доранд..

Минтақаҳои ғарбии Украина нируи аслӣ дар паси эътирозҳои соли гузаштаи "Майдон" дар шаҳри Киев буданд. Вале бо рӯшан шудани оташи ҷанг, ғарби Украинаро ба боди интиқод мегиранд, ки мардуми он барои фиристодани мардони худ ба ҷабҳа сукутро ихтиёр карданд. Бисёре аз мардони синну соли аскарӣ мегӯянд, ки садоқати онҳо ба кишварашон ба маънои садоқат ба ҳукумат нест.

Дар шаҳракҳои хурди ғарби Украина се нишондиҳанда вуҷуд дорад, ки мақомоти маҳаллӣ мисли Володимир Сейнковский ҳатто бидуни нигоҳ ба коғази арқом метавонанд онро ба ёд оранд: чанд нафар аз мардони онҳо дар ҷангҳо ширкат доранд, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд ва чанд нафар кушта шудаанд.

Нисбат ба Донбасс, ки дар он ҷо ҷанги эълоннашуда идома дорад ва тақрибан ҷони 6 ҳазор нафар сарбозону шаҳрвандонро рабудааст, шаҳраки Малехив дар шимоли шаҳри Лвов оромтару хушиқбол ба назар мерасад. Аз 2400 нафар аҳолии он 19 нафар дар ҷабҳа меҷанганд, 4 нафар захмӣ шудаанд ва моҳи гузашта як нафар ба қатл расидааст.

Ин қурбонии ҷанг 27-сола буд ва Тарас Дорош ном дошт, ки аз дасти тирандози пинҳонӣ рӯзи 14 январ дар ҷараёни ҷангҳои шадид бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар рустои Станитса Луҳанская кушта шуд. Гарчӣ вай дар тан ҷавшан ё камарбанди зиреҳдор дошт ва онро Шӯрои Малехив барояш харида буд, тир аз миёни сӯрохиҳои ҷавшан ба баданаш роҳ ёфт. Сейнковский дар ҳоле, ки дар сари қабри Тарас меистод, сарашро хам кард ва чашм ба сӯи акси вай бо садои маҳзун гуфт: “Вай писари хеле хуб буд, инсони олӣ буд. Вай дигаронро ташвиқ мекард, ки онҳо низ бояд ба ҷанг раванд”.

Тамрини афсарони эҳтиётӣ дар Украина. Акс аз бойгонӣ.
Тамрини афсарони эҳтиётӣ дар Украина. Акс аз бойгонӣ.

Сейнковский дар давоми се ҳафтаи охир дар Малехив дарвозаҳоро тақ-тақ мезад ва ба мардони аз 25 сола боло, 78 дона даъватнома ё "повестка" тақсим кард. Вай мегӯяд, ки аз ҳар даҳ нафар 2 ё 3 нафари онҳо бо вай дар тамос шудаанд ва чунин корро Сейнковский шонси хубе медонад.

Дар Украина аз 20 январ марҳилаи чаҳоруми даъват оғоз ёфтааст ва ҳукумат даъвати 100 ҳазор нафарро дар назар дорад, вале мехоҳад, ки ҳадди ақал нисфи онҳо ба хидмат ҳозир шаванд. Ин ба маънои он аст, ки масалан, аз вилояти Лвов бояд 3 ҳазор нафар ба ҷанг бираванд. Вале дар шарқи Украина касе ҷиддияти сарнавиштро рад намекунад ва шумораи хеле кам эътироф мекунанд, ки онҳо барои ҳукумат ҷанг мекунанд, зеро ҳукумат ба онҳо машқу тамрин надодааст, силоҳ надодааст ва ҷуброн ҳам пардохт накардааст.

Михайло - сокини 30 солаи Малехив, ки бояд даъватнома бигирад, мегӯяд, аслиҳае нест, то тирандозиро ёд бигирӣ: “Барои ҳамаи ин пул ҳаст? Пулҳо куҷо рафтанд? Агар ҳамаи кор дуруст мебуд, артиш бояд аз мардум дифоъ мекард.”

Юрий 29 сол дорад ва мегӯяд, ки “Киев барои сафарбар кардан воқеан кори бад кард. Бисёре аз мардон дар ҷабҳа кушта мешаванд. Одамон метарсанд, ки ба ҷанг раванд. Бояд мақомот барои ононе, ки аз ҷанг бармегарданд, баъзе имтиёзҳои иҷтимоӣ ҷорӣ кунанд. Дар чунин ҳол мардум медонист, ки барои чӣ меҷангад”.

БУЗДИЛОНИ НОПИСАНД

Бисёре аз аҳолии ғарби Украина ватанпарасти воқеӣ ҳастанд, вале аз ҷабҳаи ҷанг дуранд. Онҳо дар марҳилаи бӯҳрони миллӣ аз зери бори масъулият худро канор мегиранд. Яке аз сокинони шаҳри Лвов мегӯяд, ки “мо худамон сарбозонамонро мехӯронем, ба онҳо либос медиҳем, оилаҳои онҳоро нигоҳубин мекунем. Ҳар кас чизе метавонад, кӯмак мекунад. Касе ба мо чизе намедиҳад, албатта Киев ҳам”.

Лвову Тернопол ва Иваново-Франковск дар эътирозҳои Майдон гурӯҳи аслиро ташкил медоданд. Вале вақте, ки масъалаи даъват ба ҷабҳаи ҷанг садо дод ва ҳукумат ба аҳолии ғарби кишвар муроҷиат кард, онҳо худро канор кашиданд.

Ёдбуди "Майдон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:23 0:00

Додситонии низомӣ бар зидди 1300 нафар барои саркакашӣ аз хидмат парванди ҷиноӣ боз кардааст. Руслан Котсаба, рӯзноманигори сокини Иваново-Франковск аз ҷумлаи онҳост. Баъд аз гузоштани як навори видеоӣ дар интернет ва даъват барои саркашӣ аз хидмат вайро боздошт карданд. Ҳатто дар роҳҳои вурудии шаҳри Лвов пулис ҳафтаи гузашта монеаҳои бузург гузошт, то фирориҳоро боздошт кунад. Баъд аз ду рӯз монеаҳоро бардоштанд, зеро натиҷа надод.

Баъзеҳо Русияро муттаҳам мекунанд, ки унсурҳои зиддиҷангиро дар ғарби Украина, аз ҷумла дар Лвов таъмин мекунад. Мардум дар симои Виктор Медведчук-раиси Ҷунбиши интихоби мардумии Украина, ки аз ҳампаймонҳои наздики Владимир Путин мебошад, дар ғарби Украина яке аз мубаллиғони аслии маъракаи зидди даъват ба хидмати аскариро мебинанд. Вале Андрей Садовий-шаҳрдори Лвов бо “ифтихор” мегӯяд, ки 574 даъватнома ё повестка тақсим кардааст ва аз онҳо 472 нафар ба хидмат ҳозир шудаанд.

ҶУСТУҶӮИ САБАБ

Ҷонибдорони хидмати аскарӣ мегӯянд, ки ҳукумат талош дорад, ба сарбозони ҷабҳа пули бештар диҳад, масалан моҳе 10 000 ҳривна, ки 383 доллар мешавад, дар ҳоле ки даромади миёна дар Лвов танҳо 3 300 ҳривнаро ташкил медиҳад. Вазорати дифоъ низ ба таври истисноӣ барои маълулони ҷанг, фарзандони онҳо ва барои табобати худи онҳо кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст.

Ҷудоихоҳони тарафдори Русия
Ҷудоихоҳони тарафдори Русия

Бо вуҷуди он, мақомоти маҳаллӣ мисли Сейнковский мегӯянд, то ҳол мардон камтар ба ҷабҳа мераванд ва таъмини хонаводаҳои худро баҳона мекунанд. Вай мегӯяд: “Мо дар Малехив ба сарбозони маҷруҳ замин медиҳем. Вале шахсе, ки маҷруҳ аст, чӣ тавр барои худ хона месозад? Заминро мефурӯшад, пулашро мехӯрад ва худаш дар кӯча бо сарнавишти худ мемонад”.

Ҳатто баъзеҳо дар ғарби Украина ба оташбаси 15 феврал шак доранд ва мегӯянд, ки беҳтар аст қаламравҳои шарқи Украина ба Русия дода шавад, то ҷанги фарсоянда давом наёбад. Вале Иван Спринский, раҳбари як созмони маҳаллӣ бо ин гуфтаҳо розӣ нест. Вай мегӯяд, вақте мардум ин қабил ҳарфҳоро ба забон меоранд, ман ба онҳо мегӯям, ки бояд худи онҳо ба Русия раванд, на мардуми Донбасс.

Ононе ҳам ҳастанд, ки худашон ихтиёрӣ ба ҷабҳа мераванд. Игор мегӯяд, ки ба “Майдон” нарафтааст ва фикр мекард, ки кӯдаконаш ҳанӯз хурд ҳастанд. Вале акнун духтарчааш Боженкаро ба оғӯш мекашад ва ашк дар чашмонаш мегӯяд, ки ба ҷабҳа меравад ва дигар тоқати дидани азоби мардуми шарқи Украинаро надорад: “Ман он ҷо барои куштан намеравам, меравам, ки одамонро наҷот диҳам. Ман марди мазҳабӣ ҳастам. Барои хотири касе он ҷо намеравам, на барои Амрико ва на барои Аврупо. Танҳо барои Худо”.

XS
SM
MD
LG