Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз клубҳои варзишӣ ба гурӯҳҳои ҷиноӣ


Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, шогирдони маҳфилҳои варзишӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҷалб мешаванд, таваҷҷӯҳро ба ин мактабҳо равона хоҳад кард.

Авбошӣ, зӯроварӣ, задухӯрдҳои дастҷамъона барои доираи нуфуз дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш дошта, бино бар маълумоти расмӣ, аксари зӯрмандон аз маҳфилу макотиби варзишӣ берун омадаанд.

Шерхон Салимзода, ки дар нишасти матбуотиаш аз фаъолияти додситонии кулли Тоҷикистон дар шаш моҳи авали сол натиҷагирӣ мекард, гуфт, моҳҳои ахир як қатор шогирдони толорҳои самбои ҷангӣ, кикбоксингу каратэ ва муҳорибаи ҷангии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ҷиноӣ мепайванданд.


Ҷалби варзишкорон ба гурӯҳҳои ҷиноӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим


Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳои ҷавононро барои обутоби бадан, такмили маҳорат ва ширкат дар мусобиқоти варзиширо истиқбол мекунад, аммо ҳоло ба назар мерасад, аз варзиш на ҳама дуруст истифода мекунанд: «Афзоиши қувваи ҷисмонӣ ва маҳорати ҷангӣ дар сурати паст будани сатҳи тарбияи маънавӣ баъракс оқибатҳои манфиро оварда истодаанд. Ин боиси истифодаи қувваи ҷисмонӣ берун аз толорҳои варзишӣ, сӯистифода аз нобаробарии қувваҳо,ташвиқи зӯроварӣ, муштзӯрӣ ва бераҳмӣ гардида истодаанд.»


Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода қатлҳои тайи ду соли ахир дар тарабхонаҳои «Бешаи палангон» ва “Шаҳрисабз”- и шаҳри Душанберо, ки 2 ҷавонро кушта ва якеро захмӣ ба ҷой гузоштанд, мисол овард. Дар робита ба ин кушторҳо Шералӣ ва Ҷаҳонгир Муродовҳо ва ҳудуди 10 тани дигар боздошт шудаанд, ки ба қавли додситони кулл, қисме аз ҷавонони ин гурӯҳ маҳз тарбиятдидагони клубҳои варзишӣ буданд.

Дар бораи ин, ки ҳамарӯза дар шаҳри Душанбе баҳсҳои ҷиноӣ ё «разборкаҳо» иттифоқ меафтанд, мақомот мегӯянд, далоили зиёде вуҷуд доранд, аммо ба далели он, ки танҳо як баҳс ҳастанду ҷиноят дар зимн надоранд, мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор нагирифтаанд.

Додситони кул гуфт, ин вазъ аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ дар соҳаи варзиш пеш омадааст, ки бояд мақомот ва ҷомиаро ба ҳамкорӣ водор намояд.


Маҳмадшариф Сулаймонов, мураббии тими самбои Тоҷикистон мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ ин маворидро зиёд дучор омадааст, ки як ҷавони хуб як варзишгари хуб шуда, сипас равонаи зиндон шудааст. Вай афзуд, варзиш як соҳаи муқаддас аст ва на ҳар кас тобу тавони бардошти онро дорад, ки варзиш медиҳад: «Аммо ин ба тарбияи хонаву муҳит ва шариконе, ки ӯ менишинад, низ вобаста аст. Маҳз инҳо ҷавонро ҳаво дода, каратисту самбисту фалон беҳмадон аст, гуфта, маҳалла ба маҳалла гардонда, ҷанг меандозанд. Аммо бачаҳои мо, ки чемпионҳои ҷаҳону Осиёву кишваранд, ҳеҷ яке ба ягон гурӯҳи ҷиноятӣ дахл надорад.»

Додситони кулли Тоҷикистон афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни шогирдони клубҳои самбову якҳарбаҳои шарқӣ ва муҳорибаҳои омехтаро дар ҳоле зикр мекунад, ки тибқи омори расмӣ, тайи ним соли 2013 ҳудуди 9400 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 11 дарсад зиёд аст. Шерхон Салимзода ҳамчунин инро таъкид кард, ки ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои ИДМ(СНГ) бамаротиб кам аст, масалан, дар Русия агар сари 100 ҳазор кас 1700 ҷиноят содир шуда бошад, дар Тоҷикистон ин адад 167 аст.

Коршиносон ба ин нукта ҳам ишорат мекунанд, ки дар Тоҷикистон варзишгарони каратэву кикбоксингу боксу дигар намудҳои ҷангии варзиш ҳамеша эҳтироми хос доштанд, бахусус то ҷанги дохилӣ. Аммо бо он вуҷуд, ки иддае аз фармондеҳон варзишгарони хуб буданд ва ё дар гурӯҳҳои мусаллаҳ бештар варзишгаронро ҷалб мекарданд, силоҳ неруву маҳорати онҳоро ба сифр баробар кард. Ҳоло ки дигарбора ҷавонон бо зӯри бозу муносибатҳои худро барпо мекунанд, ин далел ҳам буда метавонад, ки давраи ҷинояткории босилоҳ гузашта ин давраи зӯрӣ пеш омадааст, ки ҳамоно паёми неке ба ҷомиа нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG