Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли судиҷрочӣ дубора аз додгоҳ пас гашт


Деҳаи Меҳрободи (Қурбоншаҳиди пешин) ноҳияи Восеъ. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб баррасии парвандаи Неъмат Ҷӯраеви 45-соларо, ки дар куштори Наҷмиддин Садриддинови 36-сола - судиҷрочии калони додгоҳи ноҳия Восеъ гунаҳгор мешуд, барои шикоят аз шиканҷа шуданаш, барои ташхиси дубора, бозпас гардонидааст. Мурофиаи аввалро додгоҳи ноҳияи Восеъ авохири моҳи ноябри соли 2017 шурӯъ карда буд, аммо баъди чанде ин парванда ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб супурда шуд.

Мурофиае, ки бори дуюм аз додгоҳ мегардад

Масъулини додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 2-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари бозпас гардонидани парвандаро барои санҷиш тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар рафти мурофиа Неъмат Ҷӯраев гуноҳро эътироф накард ва гуфт, ки дар пайи шиканҷа гуноҳро ба гарданаш бор кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ин рӯ парвандаи Неъмат Ҷӯраевро дубора барои санҷиш ирсол кардаанд. "Ҳоло парвандаро дубора барои санҷиш равон кардем. Дар ин миён бояд Неъмат Ҷӯраев аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузарад, зеро дар рафти мурофиа гуфт, ки ӯ гунаҳгор нест ва тариқи шиканҷа ин корро кардааст. Ҳоло бояд ташхис шавад",--гуфт манбаъ.

Хонаводаи Наҷмидидин Садриддинови 36-сола, судиҷрочии калони додгоҳи ноҳия Восеъ мегӯяд, ки онҳо бовар надоранд, ки дар ин кор Неъмат Ҷӯраев даст дошта бошад. Ин хонавода аз додгоҳ талаб кардааст, ки парвандаро мушикофона баррасӣ карда, омилони ин ҳодисаро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Камол Набиев, тағои Наҷмидидин Садриддинови 36-сола, судиҷрочии калони додгоҳи ноҳия Восеъ панҷшанбеи 1-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ бовар надорад, ки дар ин кор Неъмат Ҷӯраев даст дошта бошад. Набиев гуфт, ки Неъмат “як баррае аст, ки қурбонии тӯҳмати як зан шудааст. Ӯ мегӯяд, ки аз додгоҳ тақозо кард, ки ин мурофиаро одилона дида бароянд.

Баррае, ки қурбонӣ мешавад

“Ин зан як бор мегӯяд, ки ман фирор кардам, надидам, боз мегӯяд, ки омад тирезаи мошинро шикаст, даҳони Наҷмиддинро маҳкам кард. Охир одами ҷондор қарор меистад, ки ту тирезаашро шиканиву даҳонашро сахт дорӣ. Дигар ин, ки одам фавтид, чор одам онро бардошта наметавонад, аммо Неъмат чигуна ба ин ҳолаш онро пушта карда, бурда ба об партофт",-гуфт мусоҳиби мо.

Камол Набиев, тағои Наҷмидидин Садриддинов, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки хоҳарзодааш як марди содиқ буд, аммо касе, ки ӯро маҷбуран ба ин кор ҳамроҳ кардааст, то ба ҳол дар озодӣ мебошад. Хонаводаи Неъмат Ҷӯраев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо либосҳоеро, ки ӯ бо онҳо дар идораи пулис шиканҷа шудааст, дар даст доранд, ки исботи бегуноҳиаш ва далели шиканҷа шуданаш мебошад.

Бародарам гуфт, ки маро дар "ток" монданд

Алиқул Исматов, бародари Неъмат Ҷӯраев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар шиканҷаи зиёд, бародараш дар шалвораш ҳам "тар кардаасту ҳам ҷазир." Ҷаноби Исматов гуфт, ки барои исбот, ин либосҳоро бо худ нигоҳ медорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто изҳои пойафзол дар либосҳои бародараш ҳифз шудааст.

"Моро гуфтанд, ки Неъмат аз хона бо дучарха ҳашт киломерт роҳро рафтааст. Гуфтанд, ки дар 26 дақиқа рафта расидааст, агар дар ин қадар вақт рафта расида бошад, пас ӯ рекорд гузоштааст. Чаро бачаро азоб медиҳанд. Сиёҳиҳояшро ман дидам, либосҳои ҷазиркарардаашро ман гирифтам, ки шатта задааст, ҳоло ҳам дар дастам қарор дорад",--гуфт ӯ.

Ҷасади Наҷмиддин Садриддинов, судиҷрочии калони додгоҳи ноҳия Восеъ охири моҳи июни соли гузашта аз соҳили рӯдхонаи Сурхоб, наздик ба маҳаллаи Қурбоншаҳид пайдо шуд. Дар оғоз мақомот гуфтанд, ки эҳтимол ӯ дар пайи шиноварӣ ғарқ гардидааст. Аммо баъди чанд моҳи ин ҳодиса вазорати умури дохилаи хабар дод, ки як нафарро бо гумони куштори Наҷмиддин Садриддинов боздошт кардаанд.

Нақши ҳамсари собиқи Ҷӯраев дар қазия чист?

Ҳарчанд мо талош кардем, ки бо Ҷамила Файзова, зане, ки шавҳари собиқаш дар куштори судиҷрочии Додгоҳи ноҳияи Восеъ айбдор мешавад сӯҳбат анҷом диҳем, аммо ӯ нахост дар ин қазия сӯҳбат кунад. Ӯ дар як сӯҳбати қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми даргириии ин ду нафар аз ҷои ҳодиса фирор кард ва танҳо субҳ фаҳмид, ки ҷасади Наҷмиддин Садриддиновро аз соҳили Сурхоб пайдо кардаанд.

Ҷамила Файзова дар идома афзуд, ки пас аз ин ҳодиса шавҳари собиқаш ба ӯ таҳдид кард, ки дар ин бора ба мақомот хабар надиҳад. Ин зан гуфт, солҳо пеш аз Неъмат Ҷӯраев талоқ гирифта буд ва бо ӯ зиндагии муштарак надошт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG