Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтишот: "Умедҷон на аз сӯи қочоқчиён, балки аз тири як афсар кушта шудааст"


Додситонии низомии гарнизони Кӯлоб таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати Алишери Абдуқодир, прапоршики қисми марзбонии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги прапоршик Умедҷон Ҳасанов ба поён расонида, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Хулосаҳои тафтишот бо он чӣ, ки дар оғоз гуфта мешуд, комилан фарқ мекунад: ҳоло тафтишот мегӯяд, ки прапоршик Ҳасанов на аз тири қочоқчиёни афғон, балки аз тири афсар Алишери Абдуқодир ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоле, ки хешовандони қурбонӣ аз кори тафтишот розӣ ҳастанд, мавқеи айбдоршаванда ва хешовандони ӯ дастрас нест. Гумонбар аз оғози тафтишот дар боздошт ба сар мебарад. Додгоҳи ин афсар моҳи апрел шурӯъ мешавад.

Дар ибтидо гуфта мешуд, ки ин сарбоз аз тири қочоқчиёни афғон кушта шудааст. Аммо ҳоло тафтишот мегӯяд, ки Умедҷон аз тири прапоршик Алишери Абдулқодир ҷон бохтааст.

Тафтишот мегӯяд, ки Умедҷон Ҳасанови 27-сола пас аз 13 рӯзи хизмат дар таърихи 20-уми октябри соли 2016 дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон аз зарби 11 тир кушта шуд. Мақомот дар гузашта хабари марги Умедҷон Ҳасановро тасдиқ карда гуфта буданд, ки ин прапоршики 27-солаи тоҷик зимни муқовимати мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар марз кушта шудааст. Аммо таҳқиқи ҳодиса ошкор кардааст, ки Умедҷон на аз тири қоҷоқбарон, балки аз тири ҳамхизмати худ низомӣ расидааст.

Умедҷон Ҳасанов дар гӯристони зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
Умедҷон Ҳасанов дар гӯристони зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Як масъули додситонии низомии минтақаи Кӯлоб, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 29 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари дар куштор гумонбар шудани афсар Алишери Абдуқодирро тасдиқ кард ва гуфт, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ ба итмом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, таҳқиқ ошкор кард, ки дар воқеъ Умедҷон Ҳасанов на аз тири қоҷоқбарон, балки аз тири ҳамхизмати худ кушта шудааст.

Масъули додситонии низомӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки муқовимати мусаллаҳона миёни марзонони тоҷик ва гурӯҳе аз қочоқбарони афғон шабона рух додааст, гуфта мешавад, тирҳое, ки Алишери Абдуқодир аз худкори худ шиллик кардааст, ба ҳамхизматаш Умедҷон расидаанд ва дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст.

Аммо мақомоти додситонӣ ваъда додаанд, ки ҷузъиёти марги Умедҷонро зимни мурофиаи додгоҳӣ ошкор хоҳанд кард. Зафар Ҳасанов, бародари сарбози кушташуда, рӯзи 29-март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тафтишот борҳо аъзои хонаводаашонро ба Кӯлоб даъват карда ва ҳамакнун қарор аст мурофиа рӯзҳои наздик оғоз шавад.

"Ин корро ҳамхизмати худаш кардааст. Аллакай ба мо хабар доданд, ки як ҳамхизматаш дар ин кор даст доштааст ва боздошташ кардаанд. Ба мо гуфтанд, ки дар моҳҳои апрел мурофиаи судӣ оғоз мешавад ва шояд дар онҷо иштирок кунем. 11 тир аз ҳамин ҳамхизмати бародарам Умедҷон будаст ва қотил қоил ҳам шудааст, ин корро ӯ кардааст",-афзуд Зафар Ҳасанов.

Ҳаким Ҳасанов, падари сарбози кушташуда Умедҷон Ҳасанов.
Ҳаким Ҳасанов, падари сарбози кушташуда Умедҷон Ҳасанов.

Ба гуфтаи Ҳаким Ҳасанов, падари Умедҷон ва сокини ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, шаби куштани писараш вай дар марз навбатдор будааст. Вай мегӯяд: “Хонаи мо аз ҷои хизмати писарам он қадар дур нест. Он шаб, ки писарам навбатдор буд, садои тирпарронӣ баланд шуд. Дилам таҳ кашид ва сияҳ шуд. Эҳсос кардам, чӣ ҳодисае шудааст. Дертар ба ман хабар доданд, ки писарам аз тири кочоқбарон кушта шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, мақомот ба Ҳаким Ҳасанов ваъда кардаанд, ки то охир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ба омилин ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Алишери Абдуқодир, прапоршике, ки дар куштори Умедҷон Ҳасанов мутаҳҳам дониста мешавад, низ зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон мебошад.

Куштори Умедҷон Ҳасанов, сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии ин минтақа моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира шуда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд.

Зимнан, зодгоҳи Умедҷон Ҳасанов - ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон 150 километр марз дорад ва як роҳи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG