Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши дубораи парвандаи маҷрӯҳ шудани Саидкабир


Сарбози маҷрӯҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Додситонии гарнизони ҳарбии Хоруғ дар робита ба ҳодисаи маҷрӯҳ шудани як сарбози Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, парванда боз кардааст.

Додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ мегӯяд, тафтиши парванда дар робита ба ҳодисаи маъюб шудани сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Ишкошим Саидкабир Юсуфовро, ки қатъ шуда буд, дубора оғоз кардааст.

Мадамин Шарифов, додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ рӯзи 6-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло як ҳамхизмати Саидкабир бо номи Фирдавс Қурбонов бо ҷурми “хунукназарӣ дар муносибат бо силоҳ” айбдор дониста мешавад ва дар нисбати ӯ бо моддаи 387, қисми 1 парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Вай гуфт, “баъд аз он, ки дар моҳи феврал сарбозони қисми ҳарбии Ишкошим ҳангоми боздошт кардани вайронкунандагони хати сарҳад бармегарданд, Фирдавс Қурбонов -- ҳамхизмати Саидкабир бинобар лағжон будани роҳ меафтад ва ангушти ӯ ба қуланги (курок)-и силоҳ мерасад, ки дар натиҷа ду тир аз силоҳ бархоста ба Саидкабир осеб мерасонад. Ин ҳодиса дар соати 11 шаб рух медиҳад.”

Сарбози маҷрӯҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Дар ҳамин ҳол Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба Саидкабир Юсуфов дар ҳаҷми 2676 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардааст. Як намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 6 май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта наздикони Саидкабир Юсуфовро ба беморхонаи ҳарбии Сарраёсат даъват карданд ва билети ҳарбӣ дар мавриди корношоямии сарбоз, ба онҳо дода шуд.

Наздикони Саидкабир Юсуфов низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро аз тарафи госпитали ҳамин сарраёсат даъват намуданд ва ҳамчун сарбози корношоям ба Саидкабир билети ҳарбӣ ва ҷубронпулӣ доданд.

Юсуф Юсуфов, падари сарбози маъюбшуда мегӯяд, ин ҷубронпулӣ дар баробари сарфу харҷе, ки вай барои табобати фарзандаш кардааст, нокифоя мебошад. Чун пойи рости Саидкабир ҳамчунон карахт аст ва ба кӯмак ниёз дорад. Вай гуфт, фарзандаш барои амнияти сарҳад тир хӯрда, ба ин ҳол гирифтор шудааст ва мақомот бояд бо ин ҷубронпулӣ иктифо накунад ва барои табобати Саидакбар мусоидат намоянд.

Саидкабир Юсуфови 21-сола қаблан дар як сӯҳбати видеоӣ дар Беморхонаи ҳарбӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ҳодисаи задухӯрд бо қочоқчиён дар шаби 2 феврал аз сутунмуҳра ва дасти чапаш тир хӯрдааст. Вай баъди табобати дар беморхонаи ҳарбӣ, рӯзи 14 апрел мураххас шуд ба манзили зисташон интиқол ёфт. Тавре наздикони вай мегӯянд, ҳоло вай озодона роҳ гашта наметавонад ва пои росташ беҳаракат аст.

XS
SM
MD
LG