Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз "тақаллуб" дар интихоботи Маҷлиси Душанбе. Додгоҳ даъвои Ҳабибовро рад кард


Давлат Ҳабибов. Рӯзи 18-уми марти 2020.
Давлат Ҳабибов. Рӯзи 18-уми марти 2020.

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт даъвои Давлат Ҳабибов, номзади мустақил ба мақоми вакили шаҳри Душанбе ва писари генерал Абдулло Ҳабибовро дар бораи бекор кардани натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи рақами 44-и ин ноҳия рад кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 18-уми март гуфтанд, "шикояти Ҳабибов асос надорад" ва "муҳлати шикоят кардан ҳам гузаштааст".

Давлат Ҳабибов иддао дорад, ки дар интихоботи рӯзи 1-уми март дар ҳавзаи рақами 44-и ноҳияи Сино "тақаллуб" ва "сохтакорӣ" сурат гирифта, номзади мағлуб вориди Маҷлиси шаҳрӣ шудааст.

Дар ин ҳавза шаш нафар барои ворид шудан ба Маҷлиси шаҳри Душанбе рақобат доштанд. Намояндагони Кумисюни шаҳрии интихобот мегӯянд, Давлат Ҳабибов ройи кофиро ба даст наовардааст ва ба ҳамин далел натавонист, ки вакил интихоб шавад.

Ҳайати нави Маҷлиси вакилони пойтахт рӯзи 13-уми март ҷаласаи нахустини худро баргузор кард.

Баррасии шикояти Давлат Ҳабибов рӯзи 18-уми март зери раисии додрас Абдуҳамид Искандарзод ва айбдоркунандаи давлатӣ Ибрат Шириншозода баргузор шуд. Давлат Ҳабибов аз додгоҳ талаб кард, ки натиҷаи интихобот дар ҳавзаи рақмаи 44-и ноҳияи Сино беэътибор кунанд.

Дар аризаи Давлат Ҳабибов, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, гуфта мешавад, тибқи хулосаи Кумисюни ҳавзаи интихоботии рақами 44, номзад аз феҳрасти ҳизби ҳокими халқии демократӣ Манзура Мадатзода вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе дониста шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, протокол ва қарори қабулшуда "ғайриқонунӣ" буда, бо роҳи сохтакорӣ ба даст омадааст.

Ба иддаои Давлат Ҳабибов, дар интихобот ҳеч аз яке аз шаш номзад ройи кофиро ба даст наоварданд. Танҳо се номзад -- Рустам Саидов, Давлат Ҳабибов ва Манзура Мадатзода аз 25 то 33-дарсадӣ раъйро соҳиб шудаанд ва ба гуфтаи Ҳабибов, масъулини комиссия ваъда доданд, дар ин ҳолат миёни ӯ ва Рустам Саидов интихоботи такрорӣ сурат мегирад.

Аммо баъдан, ба гуфтаи Ҳабибов, "раиси Комиссияи шаҳрии интихобот гуфтааст, овоздиҳии такрориро намегузаронем, чунки довталаби дигар Рустам Саидов номзадиашро пас гирифт ва овозҳои ба тарафдориаш додаро дар даври якум ба номзади мағлубшуда Манзура Мадатзода бахшид".

Садриддин Сафаров, намояндаи ваколатдори раиси кумисюни интихобот дар ҳавзаи рақами 44 дар ноҳияи Сино, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, иддаои Давлат Ҳабибов асос надорад. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳеч гоҳ ба Ҳабибов дар мавриди баргузории интихоботи такрорӣ ваъда надодаанд.

Ба гуфтаи Сафаров, дар ин интихобот Манзура Мадатзода 51 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва пирӯз шуд: "Ягон ҳуҷҷати расмӣ нест, ки нишон диҳад дар инҷо сохтакорӣ шудааст. Давлат Ҳабибов ҳақ надошт ба додгоҳ шикоят кунад, чунки мӯҳлати муроҷиат аллакай гузашта буд."

Давлат Ҳабибов мегӯяд, пас аз дарёфти ҳалномаи додгоҳ, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Интихоботи Маҷлиси шаҳри Душанбе дар баробари интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Созмону кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин ин интихоботро демократӣ ва озоду пуррақобат хонданд. Аммо нозирони Созмону Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳанӯз ба ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон баҳои худро надодаанд. Созмонҳои ғарбӣ интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон олуда ба тақаллуб ва ғайридемократӣ донистаанд.

XS
SM
MD
LG