Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нархи пахта дар порлумони Тоҷикистон. Айби миёнаравҳо ё биржаи Ливерпул?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Арзонии ҳосили дастранҷи деҳқонон ва "хилофкории миёнаравҳо" мавзӯи баҳси доғе дар Маҷлиси Намояндагон шуд.

Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори хориҷӣ ба кишвар аст.

Ба иттилои вазири кишоварзӣ, ширкатҳое, ки ба коркард ва содироти пахта машғуланд, имсол нархи як килои онро ҳудуди 4 сомонӣ (баробар ба тақрибан 40 сенти амрикоӣ) таъйин кардаанд. Деҳқонон мегӯянд, ин маблағ хароҷотро намепӯшонад. Ширкатҳои пахтатозакунӣ мегӯянд, нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла биржаи Ливерпул, нисбат ба соле пеш арзон шудааст ва далели поин рафтани қимати он дар Тоҷикистон низ ҳамин аст.

Бино ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, хирмани имсолаи кишоварзон наздик ба 400 ҳазор тонна пахта дорад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумон рӯзи 22-юми ноябр ҳангоми қабули қонуни буҷаи соли 2020 гуфт, Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ҳудуди 1 миллион нафар дар ин соҳа банди коранд, вале мақомоту идораҳои давлатӣ ба мушкили кишоварзон таваҷҷуҳ надоранд.

Вай дурустии 400 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудани пахтаро низ зери шубҳа гузошт ва аз мушоҳидаҳои худ гуфт, мақомоти маҳаллӣ барои аз будаш зиёд нишон додани омор тойҳои пахтаро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мебаранд. Зуҳуров ҳамчунон аз нархи ниҳоят пасти пахта шикоят кард, ки деҳқононро барои кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосил ҳавасманд намекунад.

"Деҳқон пахтаро мечинад ва дар корхонаи пахтатозакунии ҳудуди ноҳия ҳосилро супорида наметавонад. Як нафари дигар меояд, деҳқон маҷбур аст, пахтаро бо нархи арзон – 4 сомонӣ – ба ӯ супорад. Вай гирифта, мебарад ва ҳаққи худашро мегираду ба корхонаи дигар месупорад. Охир, инро пешгирӣ бояд кунем?! Вазорати кишоварзӣ сиёсатро пеш мебарад, корхонаҳои пахтаро бояд ҷамъ кунанд," -- афзуд ӯ.

Изаттулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон эроди раиси порлумонро ба ҷо хонд ва гуфт, "воқеан, миёнаравҳо ва моликони корхонаҳои пахтатозакунӣ нархи пахтаро ниҳоят арзон кардаанд, ки кишоварзонро ба кор ҳавасманд намекунад."

Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ба ҳисоби Вазорати кишоварзӣ нархи як кило пахта 6 сомониву 70 дирам аст, корхонаҳои пахта аз деҳқон онро бо нархи ночизи 3,5 - 4 сомонӣ мехаранд.

"То ба имрӯз як масъала ҳалли худро наёфтааст: дар ҷумҳурӣ 136 корхонаи пахтатозакунӣ кор мекунанд, аммо ба ягон идораи давлатӣ тобеъ нест, худашон шоҳу табъашон вазир аст, кадом нархеро, ки салоҳ донанд, барои пахта таъйин мекунанд. Дар сурате ки корхонаҳо пахтаро ҳадди ақал 6 сомонӣ қабул мекарданд, истеҳсоли пахта дар мо то ба 450 ҳазор тонна мерасид," -- гуфт вазири кишоварзӣ.


Шукурҷон Зуҳуров дар ҷавоб гуфт, "вақте корхонаҳо итоат намекунад, мебахшед, магар ин дунё бесоҳиб аст, ин замин ва деҳқон бесоҳиб? Агар як ташкилоти давлатӣ мебуд, ҳамаи пахтаро мехариду коркард мекард, беҳтар набуд?"

Дар иҷлосияе, ки мавзӯи пахта баҳс мешуд, аксар вазирону раисони кумитаҳо ва оҷонсиҳо дар порлумон ҳузур доштанд, ба ҷуз аз нахуствазир ва муовинонаш. Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омор дар ҷавоб ба шакки Зуҳуров гуфт, санҷишҳо собит карданд, оморе, ки вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъ дар бораи ҷамъоварии пахта медиҳанд, дуруст аст ва ҷое барои шубҳа надорад.

Ӯ танҳо эътироф кард, ки шубҳа дар омори пахта дар вилояти Хатлон нисбат ба 14 ҳазор тонна пахта вуҷуд дорад ва онҳо ҳоло дурустӣ ва ё нодрустии онро месанҷанд.

Зоҳиран Шукурҷон Зуҳуров аз ин посух чандон қонеъ нашуд ва аз Оҷонси мубориза бо коррупсия хост, ки дурустии омори пахтаро дар кишвар санҷад. Ӯ ҳамчунон аз коркард нашудани бахши аъзами нахи пахта дар кишвар ибрози нигаронӣ кард, ки боиси аз кишвар берун рафтани сармояҳо мешавад.

"Бубинед, як кило нахи пахтаро корхонаҳои мо бо нархи 1,2 доллар ба хориҷа мефурӯшанд. Аз як кило нахи пахта қариб ду курта омода мешавад ва онро бо нархи 60 то 100 доллар мехарем. Бубинед, мо чӣ миқдор маблағро бой медиҳем. Бинобар ин, борҳо мегӯем ки пахта бояд дар дохил коркард шавад. Аммо дар мо тавре шуда истодааст, ки пахта барои деҳқон зараровар. Хайр, ин тавр бошад фикри зироатҳои дигарро кунем?" -- суол гузошт ӯ.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин баҳсҳо бештар вақт дар сатҳи гап мемонад ва ба кору ҳаёти кишоварзон таъсири чандоне намегузорад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, ин масъала солҳо боз вуҷуд дорад, аммо мақомот барои ҳалли он амалан коре накардаанд.

Мақсудҷон Отабеков, агрономи созмони "Нексигол", ки ба кишоварзони тоҷик машварат медиҳад, гуфт, хоҷагиҳои деҳқонӣ барои парвариши пахта дар ҳар гектар замин дастикам 10 ҳазор сомонӣ харҷ мекунанд ва он нархе, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ таъйин кардаанд, бо харҷи кишоварзон рост намеояд. "Агар ин масъаларо ҳукумат баррасӣ карда, бо ягон шакле ба деҳқонон ёрӣ накунад, ҳамаашон муфлис (бонкрот) хоҳанд шуд," -- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, корхонаҳои пахтатозакунӣ сабаби арзон шудани нархи қабули пахтаро ба нархи бозорҳои ҷаҳонӣ пайванд медиҳанд.

Давронҷон, як масъули ширкати пахтатозакунии "25-солагии истиқлолият" дар ноҳияи Спитамен, гуфт, пас аз чандин моҳи арзоншавӣ айни замон нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба боло ниҳод ва ширкати онҳо аз деҳқонон "пахтаро вобаста ба навъаш то 5 сомонӣ мехарад."

Аммо ин маъмури ширкат гуфт, ҳоло аксари деҳқонон аз фурӯхтани ҳосил худдорӣ меварзанд. "Ширкат бо дархости хоҷагиҳо пахтаро коркард карда медиҳад ва онҳо маҳсулотро худашон мефурӯшанд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Айни замон нархи як фунт (як фунт 453 грам) нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумла биржаи Ливерпул 65 сенти амрикоӣ аст. Бо ин ҳисоб як кило нахи пахта 1 доллару 30 сенти амрикоӣ ва ё 13 сомонӣ аст.

Мувофиқи омори расмӣ имсол Тоҷикистон 397 ҳазор тонна пахта ҷамъ овардааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.

XS
SM
MD
LG