Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасодкорӣ чанд мансабдорро ба «гӯр» бурдааст?


Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати мансабдороне, ки дар фасодкорӣ муттаҳам мешаванд, гоҳе онҳоро дучори сактаи қалб намуда, бо фавташон анҷом меёбад.

Мақомоти додситонии ноҳияи Қумсангир, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, хабар медиҳанд, ки тайи ду соли охир 5 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба афроди мансабдор боз кардаанд, аммо ду нафар аз афроди муттаҳам дар ҷараёни тафтишу бозпурсиҳо ба сактаи дил гирифтор шуда, дар пайи ин бемории шадид реҳлат кардаанд.

Раҳмат Раҳмонов, додситони ноҳияи Қумсангир, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, нафарони марҳум раисони ҷамоатҳои ноҳия буда, бо ҷурми «сӯйистифода аз мансаб» ба муҷозот кашида шуда буданд. Додситонӣ мегӯяд парвандаҳои хислати коррупсионидошта зиёд кушода шудаанд, аммо на ҳамаи парвандаҳо ба суд расиданд. "Масалан, соли гузашта нисбати ду раиси ҷамоат парвандаи ҷиноятӣ кушодем, аммо корашон, ки ба суд расид, аз сактаи дил вафот карданд. Парвандаашон қатъ шуд. Вале, мо корамонро дар ин самт идома медиҳем ва ҳоло ҳам парвандаҳое дорем, ки даст доштани чанд мансабдори дигар дар ҷиноёти коррупсиониро собит мекунанд», - афзуд Раҳмонов.

Ба гуфтаи додситони Қумсангир, пайвандони яке аз афроди фавтида мақомоти тафтишотиро дар реҳлати ӯ муттаҳам кардаанд. Аммо онҳо аз суҳбат бо расонаҳои хабарӣ худдорӣ меварзанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Маркази кардиологии вилояти Хатлон, танҳо дар соли ҷорӣ наздики ҳазор сокини минтақа дучори сактаи қалб шудаанд, ки дар миёни онҳо шумораи мансабдорони феълӣ ё собиқ ҳам кам набудааст. Танҳо дар соли гузашта беш аз 20 сокини вилояти Хатлон бар асари сактаи дил реҳлат кардаанд ва ин ҳам омори расмии мақомот аст, ки метавонад дар асл бамаротиб бештар бошад.

Мавлон Шункиев, корманди масъули маркази мазкур, мегӯяд, ғаму андуҳ, стресс, тарси ногаҳонӣ ва камҳаракатӣ аз иллатҳои аслии сактаи қалбӣ мебошад, ки ин нишонаҳо зимни муоинаи баъзе аз мансабдорон ба мушоҳида мерасад.

Шункиев мегӯяд одамони мансабдор фақат мехӯранду пушти миз мешинанд: "Бо кори ҷисмонӣ машғул намешаванд, ба тарбияи бадан аҳамият намедиҳанд. Кори мансабдорон бештар ба асаб, фишорҳои равонӣ вобаста аст. Барои ҳамин ҳам мансабдорон назар ба деҳқонон ё варзишгарон бештар дучори сактаи қалб ё бемориҳои дигари вобаста ба дил мешаванд.»

Дар миёни беморони қалб ё онҳое, ки ба сактаи дил гирифтор мешаванд, ҳамчунин тоҷирону соҳибкороне ҳам будаанд, ки мушкилоте дар тиҷорат ва фишорҳои равонию молӣ аз ҷониби мақомот онҳоро дучори ин беморӣ кардааст.

Аммо ин аввалин ва охирин мавриди ба сактаи қалб дучор шудану фавтидани афроди мансабдор дар вилояти Хатлон набудааст. Аввалҳои соли равон ташрифи кормандони оҷонсии зиддикоррупсионии Хатлон ба маркази таълимии калонсолони шаҳри Қӯрғонтеппа низ бо фавти сарвари маркази мазкур анҷом ёфта буд.

Ҷумъахон Сониев, сарвари Маркази таълимии калонсолони Қӯрғонтеппа, чанд дақиқа пас аз ин ки тақаллубкории муовинаш аз сӯйи кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон ошкор гардид, ба сактаи дил гирифтор шуда, дар утоқи кориаш реҳлат кард. Яке аз фарзияҳои марги Ҷумъахон Сониев, ки аз ҷониби муфаттишони додситонӣ таҳқиқ мешуд, ин буд, ки сактаи қалби марҳум дар пайи фишорҳои равонии кормандони оҷонсии зиддикоррупсионӣ сар задааст.

Коршиносон мегӯянд, ба сактаи қалб гирифтор шудани мансабдорон дар ҳоле, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ мешавад, нишони ношаффофиятӣ дар кори идории онҳо буда, ҳадсу гумонҳои мақомот ва ҷомеаро дар мавриди даст доштани онҳо дар ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар мекунад.

Омори расмӣ ҳокист, ки то 20 дарсади гирифторони бемории дил мефавтанд. Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 40 ҳазор сокини вилояти Хатлон аз дарди дил ба дармонгоҳҳо шикоят бурда, қариб 10 ҳазор нафарашон дар дармонгоҳҳо бистарӣ шудаанд. Вале коршиносон мегӯянд, ин рақами дақиқи бозгӯкунандаи шумораи беморони дил набуда, дар асл теъдодашон бештар аст.
XS
SM
MD
LG